Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале як нафар, як нафари ҳунарманд зинҳор мекард, ки бояд назди шоҳ дарояд, то табъашро хуш кунад ва рўҳашро болида дорад.
— Чӣ кор дорӣ бо шоҳ?
— Кори муҳимме…
— Донам, кори муҳимме, аммо чӣ ном дорад он кор?
— Агар шоҳ пазирад, ўро гўям.
Чун ҷавоби раддия омад; Искандар ўро дидан нахост, ҳунарманд Лисибус як тангаи тиллои сикказадаро, ки дар кафи даст мушт карда буд, дарбонро намуду гуфт: «Шоҳро бирасон, агар хуш ояд, маро пазирад… шарҳ хоҳам дод.»
Дарбон бирафту зуд баргашт ва дарвозаро кушод:
— Шоҳ хоҳад туро дидан!
Лисибуси ҳунарманд шод шуд ва даромад. Искандар андар маснади ҳахоманишӣ нишаста буд дастҷомаи зарин ба бар, тоҷ бар сар. Лисибус чун ўро зебову анрангзеб дид, биандешид, ки дар пушти танга ба ҷойи шер сурати шоҳро таҷассум хоҳад кард.
— Хуш омадӣ, марди ҳунар! – андешаи ўро баргусехт шоҳ.
Лисибус, ки чунин пазироиро чашмдор набуд, шодбош гуфт шоҳро ва сар фурўд овард.
Искандар тангаи фиристодаи ҳунармандро «ҳарро» карда ба фазои толори пазиро ва боздошта, каф намуд ба ҳунарманд, ки шери пушти танга рў омад. Фармуд:
— Аввал фаҳмон, ки чӣ маъниҳо дорад пушту рўйи танга?
— Умри шоҳ дароз бод! Тасвирҳои рўйи сикка пирўзиҳои шоҳ Искандари Мақдунӣ…
— Инро дарёфтам… Хеле олӣ. Вале дар пушти танга сурати шерро нақш кардайӣ, чӣ маънӣ дорад? Ин рамзи нишони Эронку?!
— Умри шоҳ дароз бод! Чунон ки бинед, шер шери ором аст.
Хашм ва ё даҳони хунин надорад. Ин шер рамзи шоҳ Искандар бувад, ки оамро гирифта, орому осуда гашта…
— Эрониён чӣ гўянд?
— Эрониён донанд, ки Искандари Мақдунӣ шоҳи Порсу Эрон низ ҳаст! – гуфт ва хомўш монд, то аз ў чӣ ояд.
— Зиҳӣ ҳунармандро! – садо кард шоҳ ва каф кўфт.
Дарбон ҳозир шуд. Искандар фармуд:
— Гарпалро бихоҳ!
Гарпали хазинадорро оварданд. Искандар тангаро намуд ба Гарпал:
— Чунин сикка мавҷуд аст андар махзан?
Гарпали хазинадор сиккаро гирифта нагарист ба пушту рўяш ва сар ҷунбонд: «На.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор