Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На-а-а! Ту ҳоло чизе надидайӣ! Хоҳӣ дид!
Гўйӣ бо ҳамин сўҳбати онҳо анҷом пазируфт. Искандар пеши сипаҳсолори пир бачча метофт, аммо ваҷоҳат ва ҳайати шоҳӣ ўро иҷозат медод, ки бо сипаҳбади бузург баробар ва ҳатто зиёд тую ман кунад. Пармониён чунин рафтор ва муомилаи шоҳро дарёфта, дур шуд аз назди ў. Бадар рафт. Дар бораи хеш ва қисмати худ намеандешид, балки фикр мекард, ки баъди сари ў Искандар чӣ кунад бо писаронаш.
Ва аммо то писаронаш нарасида, сипаҳсолорро бозгардониданд, ки шоҳ мехоҳад. «Маро коре набувад бо шоҳ Искандар!» – посух дод фиристодагонро. Лек ўро ба ҳолаш намонда, бозоварданд.
Чун назди шоҳ оварданд, Искандар бо табассум пазируфташ:
— Мўйсафед, хафа шудӣ?
Сипаҳсолор зуъм дошт. Сабаби бозхондани шоҳро, ки намедонист, ба пурси ў посух надод ва рў ба рўяш қарор истод.
— Дилам сўхт ба ту… Фикр кардам, ки сахт расидам… хидматҳоятро ба инобат нагирифтам… Сари ҷаҳл ҳар бало шуданаш аз имкон дур набувад… Зуъм накун, мўйсафед, чизе бигўй…
— Гуфтание надорам…
— Гуфтанӣ дорӣ… Магар тақдири писаронат ташвишат намедиҳанд?
Баъди чунин сухан дили солори сипоҳ нозук фурў рафт. Аммо сипаҳсолори ботаҷриба ва пурдида ҳушро аз даст надода, ҳамчун шоҳ сипоҳӣ кард:
— Писарони ман дўстони ту бошанд. Чун шоҳ ҷавонанд ва шояд мисли ў ба ҳар гуна бозӣ соз гиранд… Ман пир шудам аз бозӣ бояд бароям… Дигар маро бозӣ зебанда ва созгор набошад.
— Чӣ гуна бозӣ.
— Ҷангбозӣ… Одатан кўдакон ҷангбозӣ кунанд. Рафтори бузургонро дида; таърифу ситоиш ва лофу газофи ононро шунида; қаҳрамониҳояшонро дониста, тақлид бар эшон, ҷангбозӣ кунанд; аз саҳл баҳона оташи ҷанг дардиҳанд ва олами кўчаки худро сўзанд… Зуд ранҷанду зуд ба худ оянду оштӣ кунанд… Бадбиниву кинаву адоват низ аз он замон сар шавад…
— На, мўйсафед… Кўдакони ту маро зарурате надоранд…
Агар лозиманд, бигиру бирав! Вале ман туро бо ин мақсад аз роҳ нагардонидаам… Мурод ин аст, ки туро ба вилояти Хазар фиристам…
— Миннатдор ҳастам аз илтифоти шоҳ…
— Рўбоҳӣ макун, мўйсафед… Андар Хазар фавҷи саворони бегонаро, ки чун ёвар ба мадади мо омадаанд, сарварӣ бояд бикунӣ…

пешина
аз 391
навбатӣ