Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агар на, аз рўйи ин сикка пули зиёд зарб бикунед ва ба тамоми мамолики Порсу Юнону Мақдуниё бифиристед, то ҳама мардуми рўйи Замин аз ин рамз огоҳ бошанд!
Гарпал сари суҷуд оварда ҳамроҳи Лисибуси ҳунарманд бадар рафт. Вале Искандар боз хазинадорро пас хонд:
— Лисибуси ҳунармандро он қадар зару хоста бидеҳ, ки мехоҳад!
Чун Искандар танҳо монд, ба худ болид, ки шер низ шуда.
«Баъзе нотавонбинҳо чӣ мегуфта бошанд?» Сипаҳсолор Пармониёнро дар назар дошт ва аз чунин андеша хун дамид зери пўсташ ва зудҷанг низ шуд, ки сипаҳсолорро чӣ кор ба рафторҳои шоҳӣ?
Хуни ҷавонӣ ва пархошгари ў ғалаён кард, тез шуду ангушт мушт гардонид, ки бояд ўро бо ҳамин чанголи гирои шерона гулўгир карда кушад. Вале чунин амали нобарҷоро савоб надид ва фармуд сипаҳсолори пирро бихонанд.
Сипаҳсолорро пайдо карда оварданд. Ба назари Искандар ин замон хеле пир тофту хаста солори сипоҳ. Ва шоҳ ба ҷойи дилдорӣ заҳр зад:
— Аз карда пушаймонӣ, ки ин қадар фартут шудайӣ?
— Аз кадом карда?
— Аз воқеаҳои Кўшки Гардон!
— Маро чӣ нисбатест бо Кўшки Гардон?
— Мусичаи бегуноҳ…
— На. Ман бегуноҳ нестам, шоҳ… ҷурми зиёд дорам: куштам, сўхтам, хароб кардам… ҳамаи ин гуноҳ буд. Вале гуноҳи аз ҳама бузургам…
— Умри зиёд диданат…
— Оре… ва ҷанговар буданам… Бузургтарин гуноҳ ҷанг бувад…
— Чӣ-ӣӣ-ӣ!!!
— Он чӣ шунидӣ, Искандар… Хулосаи вопасини ман чунин бошад…
— На! Вопасин набувад… Ҳоло бисёр хулосаҳо хоҳӣ баровард. Вақте ки гуноҳи чилу ҳафт бегуноҳ бар дўшат бор шуд, хоҳӣ фаҳмид!
— На Искандар, дар дунё ягон фикри тоза намонда, ҳамаашро пеш аз мо гуфтаанд; ҳамчунин хулоса баровардаанд. Он чӣ ман дар бораи ҷанг гуфтам, нав набошад. Пешиниён ҷангро чунин пиндоштаанд: ҷанг – номардӣ, ноҷавонмардӣ, макр, фиреб, найранг… Вале чӣ гуна, ки моро – шараф…
— Ба-а-ас!!! Ман ба чашми ту нишон хоҳам дод, ки ҷанг чист?!
— Ту аллакай нишон додӣ, Искандар. Ман ҳамаашро дидам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор