Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На, Филота. Ту ҷавонӣ, найрангҳоро сарфаҳм наравӣ. Ҳар чӣ бодо бод, ман бояд биравам.
Ва писарон надонистанд чӣ бигўянд.
Чун шоҳ Искандар сипаҳсолори пирро сўйи Хазар фиристод, таърихнигор Коллисфени ростгўву ростнависро ба ҳузур хонд ва пурсон шуд аз усули кори ў:
— Навиштаҳоятро касе бинад ё на?
Коллисфен аз чунин пурс ҳайрон шуд ва пиндошт, ин ҳам аз пурсҳои қадима. Вале оҳангаш дигар.
— На, касе надида, касе нахонда… Ҳар чӣ иншо шавад, фиристам пешопеш ба ватан…
— Огоҳ ҳастам, – гуфт Искандар ва хеле муддат ба муттакои маснад ангушт зад, пасон рост ба чашми ў нигариста афзуд: — Ва дидам, ки аз он нигоштаву фиристодаҳоят бўйи нохуш ояд.
— Чӣ гуна бўйи нохуш? – нимхез шуда ва беқарор гашта пурсид таърихнигор. Ва Искандар идомаи фикрашро иброз дошт:
— … ки гўё ҷангро юнониён кунанд… мақдуниён зарҷўйӣ омада…
— Дурўғ, нохалафе оварда чунин ҳарфҳоро, шоҳ! Агар дониста будам, аввал шуморо хононда, пасон фиристодаме.
— Чаро накардӣ чунин?
— Шуморо ташвиш додан нахостам. Агар умр боқист, ба Мақдуниё баргардем, он нигоштаҳоро хонда хоҳед донист, ки дар ҳаққи шоҳ Искандар саҳве ё хиёнате нашуда.
— Бовар дорам ба ҳунари ту… Устод Арасту тавсия карда туро… Вале мурод дигар бувад. – таваққуф кард Искандар, то таърихнигор чизе пурсад. Чун Коллисфен хомўш буд, шоҳ фармуд:
— Гўянд, сипаҳсолори пир Пармониён низ рўзнома нигорад, аз замони пеш… Ҳеҷ хондайӣ набиштаҳои ўро?
— На. Бори нахуст шунавам.
— Бояд бихонӣ ва бидонӣ, ки набиштаҳои ў бо нигоштаҳои ту созгор ҳаст ё на.
— Ман натавонам аз ў ин чизро талаб кардан, чун аз Хазар баргардад, ба ҳурмати шоҳ ин корро кунам. Вале донам, ки Биталомус ва Аристобулис нависанд… Ба назарам сипаҳсолор нанависад… На.
— Ту огоҳ найӣ, Коллисфен. Ў нависад; хеле бо хусумат ва тирадил нависад… Искандар ва мақдуниёнро рўсабӣ ангорад.
Аз ин ҳарфи шоҳ Коллисфен нам кашид, ки Искандар дар ҳаққи ў низ чунин андешад. Зеро аз зеҳн гузаронд, ки гоҳ-гоҳе юнониёнро дар набиштаҳояш ситояд ва дилсўз бошад. «Шояд ҳамин нукта ба гўши шоҳ расида бошад?»
— Оварданд, ё шоҳ дида?
— Дида ва шунида. – дурўғ гуфт Искандар, ки бисёр чизҳоро пешравӣ мезад ва ё бо гумону занн кашфу ифшо ё дарёфт мекард ва аз дурўғу макру ҳиял парҳез надошт.

пешина
аз 391
навбатӣ