Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

– Ҳеҷ гуна бўй пинҳон намонад…
— Бале, шоҳ, ҳар чӣ корӣ, он даравӣ. – Духўра гуфт таърихнигор, вале Искандар ин масалро ба унвони хеш напазируфт.
— Оре, подошу кайфари амал бинад; хоҳ нек кунад, хоҳбад.
Ва Коллисфени таърихнигорро намуд, ки суханвар на ўст, балки Искандар аст, зеро даҳонаш каҷ бошад ҳам, шоҳзода сухан кунад. Аз ин рў хомўш бимонд. Магар идомаи андешааш буд, ки Искандар арза кард:
— На-а…а-а! Ҳеҷ кас набишта натавонад! – фарёдӣ буд ҳарфаш ва Коллисфен нафаҳмид, ки чиро гўяд. Ва афзуд: — Зеро касе надонад, ки аз дили шоҳ Искандар чӣ гузарад! Ў чӣ хоҳад!?
Ҷуз худи Искандар касе натавонад таги дили ў, андешаҳои ў ва орзуву армони ўро набиштан… – ва Коллисфенро рў овард: — Ҳеҷ кас! Ҳеҷ яке аз шумо натавонад набиштан! Шумо воқеанигор, рўзноманигор, таърихнигор; таърихи рўзу воқеаву ҳодиса ва ширингўйиву рафторҳои касонро нависед; рўякӣ, зоҳирбинона… Ба умқи чашми кас, ба жарфнои дили одам, ба мағзи сари ў расида натавонед… Нависандагӣ чизи дигар. Танҳо Афлотун тавонист ба зоҳиру ботини Суқрот нигарад; аз ниятҳои ў пай барад, пойҳои чун тўбраи пур аз коҳ ва тани чун хум варамидаи ўро сурат кашад; дилу нияти ўро дарёбад; мурданро аз зиндагии беномусона боло донистани Суқротро тасвир кунад… Барои ин Афлотун, Аристотолис ва ё Искандар бояд буд. Ҳайфо, ки аз ду ё се сар як мағз офарида нашавад. Агар шуда буд, навиштан имкон дошт...
Ҳамин тавр на?!
— Ҳамин тавр…
— Оре, ҳамин тавр. Пас, чаро шумо нависед?
— То пасовандон донанд, ки Искандари Мақдунӣ кӣ буд?
— Кӣ буд? Гўед, ки кӣ ҳаст? Ку бигўед! Метавонед? Ман донам чӣ набиштани шуморо: Искандар пури Филлиппу Олимпиада, шогирди Арасту; ҷанговар; оламро гирифт; ҷаҳонгир ном баровард! Ҳамин тавр?!
— Зиёдтар…
— Зиёдтар… Донам, зиёдтар… Саҳифааш зиёдтар, аммо маънӣ ҳамин қадар… Ин чизро бе набиштани шумо ҳам пасонвандон хоҳанд донист. Искандар барои хеш таърих сохт ва он ҷовидона хоҳад монд…
— Оре, мо низ барои ҷовидонагии шоҳ Искандар хоҳем навишт.
— На. Шумо чизи дигар хоҳед: бо номи Искандар бемаргӣ ҷўед!
Таърихнигор натавонист чизе гуфтан, хомўш бимонд ва Искандар андешаашро идома дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор