Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ногуфтанӣ мағзашро гиҷ гардонида, намедонист чӣ кор бикунад:
ба шоҳ ғазаб мекард, падарашро зиндаву солим дидан мехост.
Ҳамон сипаҳсолори родмарду ҷавонмардро, ки тамоми умр сар пеши касе хам накардааст. Ва ҳамин ростиву накўкориаш оқибат балои ҷонаш гашт. Рост омада ба ин олам, рост бояд биравад.
Болобаланд буд падар, шербас ва варзида; сари баланд низ дошт.
Вале вақтҳои охир ҳақиру фурўрафта метофт. Ё солаш рафта ё ноҷўриҳои зиндагӣ ва ё пархошҳои пайваста азият додаанд, ки лоғар метофт. Ба назари писар чунин менамуд. Ва ҳоло зери андешаҳои зиёд сари падар хунин метобад ва чашмонаш низ.
Баъзан сари буридаи ў ба забон меояд; тамоми саргузашташро ҳикоят мекунад, вале ҷуз Файлотус касе намешунавад онро. Падар барои он ҳамаро сар ба сар мегўяд, то писар ҳифз кунад ва рўзе ба мардум гўяд, ки падараш кӣ буд, чӣ гуна инсон буд ва чӣ карданд бо ў.
Ў боз об бар рўй мезанад, то зиндатар гардад ва симои падарро тозаву равшан бинад. Аммо халал мерасонанд ба ў. Қароргоҳ бедор гашта аз хоб ва ғалмағал аст, чунон ки баъзан лошахўрон ба сари Искандар чунин ғалмағалро бор кунанд. «Ҳаром... ҳама ҳаром... Зиндагӣ, олам, мардум, ҷоҳу ҷалол, хўрданиҳо, обҳо, муомилаву муносибатҳо, доду гирифтҳо, тохтутозҳо, суду пайдоҳо, кушишҳо, сўзишҳо; дасту даҳону дилу ният; ва ҳама... ҳама ҳаром. Чизи муқаддас нест. Аз худоён, нимхудоён ва қаҳрамонҳо дили кас монад. Қаҳрамон кушаду сўзаду барад, раво ва ҳалол.
Вале агар айнан ҳамин корро дигаре кунад ё нораво ё ҳаром...
Ба назари Искандар ҳама чиз ўро раво, ҳама чиз Пармониёнро нораво. Ва ҳатто ман натавонам, ки падари хешро ҳимоя кунам ва ё ба имдодаш бирасам...»
Хуни Файлотус ҷўшид, башитоб гом зад, то зудтар ба пардасаройи Искандар бирасад. Вале рў ба рўяш Лимн ҳозир шуд.
Лимни хелестрӣ, ки ҳар гоҳ аз ростӣ сухан мегуфт. Ва парешониву шитоби ўро дарёфта пурсид:
— Хаста метобӣ, Филота?
— Падарро дарёфтаниам, Лимн.
— Падарро?
— Оре, падарро!
— Магар сипаҳсолор дар Ҳангаматон нест?
— Дар Ҳангаматон... Ман мехоҳам назди ў равам.
— Чӣ гуна?
— Бо шоҳ Искандар гуфтугўй хоҳам кард, то маро бифиристад ба ҷойи падар ва ўро рухсат диҳад ба ватан.
Лимн хеле хомўш монд, сари пой нишаст, реги маҳини соҳилро панҷа зада, бод кард ва сар ҷунбонд:
— Суде надорад. Худатро беҳуда нобуд мекунӣ.
— Чӣ бояд кард?

пешина
аз 391
навбатӣ