Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— На. Онҳо хубтарин зан шуда тавонанд. Вале мардон ба раққоса бо чашми дигар нигоҳ кунанд: ҳар мард хоҳад, ки раққоса аз они ў бошад, аммо зани ў набошад.
— Ман дар ин боб андеша накардаам, Эрис. Агар ба Модай бираваму зинда баргардам, ту зани ман хоҳӣ шуд.
Эрис чизе гуфта натавонист ва хешро бар гардани Файлотус овехт. Садои рўд меомад ва нафаскашии ҳар ду шунида мешуд.
Дили Файлотус паст-паст мезад ва дили Эрис сахт-сахт.
Аз назару хаёли Файлотус гузашт, ки касе ҳама гуфтаҳои ононро шунид ва рафторашонро дид.
— Тойис чаро ба шоҳзодаи мисрӣ зан шудан нахоҳад? – Гўйӣ то ҳол дар ин хусус андеша дошта бошад, пурсид Файлотус.
— Хоҳад, аммо аз Искандар тарсад. Ў Искандарро гуфта, падари дорояшро танҳо монда омад...
— Ту киро гуфта омадӣ, Эрис?
— Чаро то ин вақт чунин чизҳоро намепурсидӣ? Ҳолиё аз ин боб сўҳбат дорӣ?
— Он вақт медонистам, ки туро бисёр-бисёр бинам. Ҳоло хаёл дорам, ки туро гум кунам...
— Чаро чунин андеша ба сари ту омад?
— Ман бояд ба Модай биравам ва падарамро наҷот диҳам...
— На. Дер шуда, Филота. Клити Зард рафта бар асари сипаҳсолор...
— Чӣ гуна Клит?
— Клити Зард.
— Ман ҳамин чизро гуфтанӣ омада будам, инони сўҳбат дигар тараф рафт... Аммо надонам он Клитро. Шоҳ бояд донад.
— Боз кӣ бояд донад?
— Огоҳ нестам, Филота.
— На, гетерҳои хушзавқ ва кунҷков ҳама чизро бояд донанд...
— Донистаи ман ҳамин, Филота... Ба назари ман он тарафаш аҳамият надорад... Муҳим он аст, ту худро бояд эҳтиёт бикунӣ ва ғами падарро бихўрӣ.
— Бале, Эрис. Ташаккур ба ту... Ман туро то хаймаат бубарам.
— На. Хаймаи ман дур нест. Ман туро мунтазир хоҳам шуд...
Ва он шаб Файлотус то офтобзард андар канори рўдак гом заду об ба рўй кашид, то каме осуда гардад ва аз асби ҷаҳлу ғазаб фарояд, вагарна дар чашми шоҳ нокор тобад. Вале ҳарчанд кўшиш кард, ки хешро орому осуда гардонад, натавонист. Дар андарунаш оташе ғулғула дошт ва ўро қарор намегузошт ва ҳатто ба корҳои нохубу ғайриихтиёр ҳамл мекард. Шаби дароз фикру андешаҳои мағшуш хунашро ба ғалаён оварда буд ва фикрҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор