Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Чӣ ёрӣ?
— Ман хоҳам рафтан назди ў, то ба ҷояш кор кунам ва ў равад ба ватан.
Кратер сукут варзид ва чизе нагуфт. Аммо Файлотусро намуд, ки ў сирреро пинҳон медорад. Файлотус даст ба бозуи Кратер расонд ва пурсид:
— Рост бигўй, пайғоме ҳаст?
— Надонам.
— Донӣ, вале пинҳон дорӣ.
— На-на!
— Зеро ҳама донанд, ки бо сипаҳсолори пир чӣ шавад. Аммо касе эътибор надиҳад ва ё забон накушояд, чорае наандешад.
— Шояд ҳама донанд, аммо ман надонам... Ҳамин қадар донам, ки Искандар пай бурда: китфони Пармониён бори гарони ҷангҳои навбатиро накашад.
— Худи сипаҳсолор низ дигар ҷанг карданӣ нест... Кратер! Оё шавад, ки ман ба ҷойи ў ба Окботоно биравам ва сипаҳсолори собиқадор ба ватан баргардад?
— Ин масъаларо ҳал кардан кори ману ту набошад, Филота.
Гуфтаи Искандар қонун бувад. Ва касе қонунро зид баромада натавонад. Ва баъд донӣ, ки Искандар миёнаравиро бад бинад, кина гирад. Бино бар ақидаи ў: миёнаравӣ зид будан ба гуфтаву фармони ўст... Аз ин рў озурда нашав аз ман.
— На. Озурда нашавам. Вале намехоҳам пайғоми нохуше шунавам. Бисёр хоҳам ба ҷойи ў биравам ва ў ба ватан баргашта ёддоштҳояшро бинависад.
— Бубахш маро, аз дастам коре наояд...
Ва боз Файлотус сархам шуд ва дурўдароз андешид, ки ҷуз Лимн касе ба ў кўмак карда натавонад. Зеро Лимн низ ранҷида аз шоҳи мақдунӣ.
БАНДИ НЎҲУМ
Ҳанўз Файлотус андеша ба шоҳ нагуфта ва илоҷи кор наёфта, хабари марги Пармониён омад. Писар донист, ки дер монд, ба имдоди падар расида натавонист. Ва гоҳе ки ба Искандар ба дафни падар рафтанашро гуфт, шоҳ чунин посух дод: «Мо пас нагардем.»
Файлотус дарёфт, ки шоҳ ба дафн рафтани ўро намехоҳад. Зеро дар гармогармии мотам ҳарфу гўйишҳои зиёде мешаванд ва шояд касе аз дилсўзӣ сабаби марг ва кушандаҳои сипаҳсолорро гўяд. Вақте ки Файлотус дар роҳи сафар гардани бародараш Никонорро гирифта гирист, хост ҳама донистаашро гўя кунад, бо чӣ андешае раво надониста, бехи гўши бародар оқибату подоши пархошҳояшонро гуфту пурсид: «Ҳамааш ҳамин? А Никонор, ҳамааш ҳамин? Пирамард барои чунин мукофот тамоми умрашро сарфи пархошҳои бемаънӣ кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор