Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва ману ту пайгири ў ҳастем? Аз шоҳ чунин подош чашмдор шавем?..» Ва пурсишу ҳарфҳои дигар буд, ки тахминан қисса, саргузашт ва корномаҳои Пармониёнро бозгў мекард. Аммо писари бузурги Пармониён, ки пурдидатар аз Файлотус буд, сар бар китфи бародар ҷунбонида, фирқ – фирқ мегирист ва «Ҳааа, Филота» гўён тасдиқ кард, аммо забон ба шикоят накушод. Гўё дилаш ба падар насўхта, танҳо ба тасаллои дили бародар чунин рафтор мекунад. Вале аз шину хези китфонаш пайдо буд, ки то мағзи устухон месўзад, илоҷе надорад.
Коллисфен огоҳӣ ёфта буд аз марги муфоҷоти сипаҳсолори номдор, аммо чунин гиряро надид ва бехгўшиҳои ононро нашунид. Сараш пур аз воқеа шуд, ки рўъёйӣ метофт, вале илоҷи нигоштани онро надошт. «Баъд… қиссаҳои сипаҳсолорро баъд хоҳам набишт...» Аммо намедонист, ки рўзгор чӣ зояд.
Искандари дурандеш муддате мотам эълон кард бар марги нобаҳангоми сипаҳсолор Пармониён. Қофила ва лашкар боздошт аз сафар ва рўйи марғзоре ба поси хотири сипаҳсолори бузург лашкар саф орост. Шоҳи сухандон гуфтор кард аз марги новақти ў ва чунин фоҷиаро кори душман донист. Худро мотамзада ангошта, ғамгину маҳзун пиндошта, андаке садоро гиряолуд карда ба сухан пардохт, ки мурда мурдаи ў бошад. Чунон авзоъ мотамӣ дошта корномаҳои сипаҳсолорро қадр мекард, ки мурдаи падарро чунин қадр накарда буд. Никонор паҳлўи Искандар истода гўш ба суханҳои ў медод, аммо Файлотус ба ў наздик нарафта, ҳамчунон ғамгину андешаманд сархам буд ва мешунид, ки то чӣ андоза дурўғ мегўяд шоҳ.
Гуфтораш ба кирдораш баробар наояд. Ва сабаби дар нимароҳ лашкар боздошта сипаҳсолорро мотам гирифтан маълумаш нашуд.
Вале аз тарзи истодаш чунон менамуд, ки Файлотус гўш ба суханронии шоҳ намедиҳад ва чизеро дарку эҳсос намекунад. Аммо дастонаш гоҳ-гоҳ чунон ҳаракате кунанд, ки касеро аз гулўяш дошта, хафа карда мекушта бошад. Дандонҳояш низ баробари ҳаракати дастонаш гиз мешаванд, ангуштонаш мушт мегарданд ва чашмонаш чун чашмони бум давида мебароянд.
Файлотус пай намебарад, ки ё шоҳ ё гумоштагонаш чунин рафтори ўро зери назар гиранд. Ва аз миёни саф оростагон ва гирдомадагон як нафар гаштаву баргашта ба ў менигарад, аммо Файлотус намебинад. Лимн менигарад ба ў: «Ту фикр бикун, ман низ фикр хоҳам кард.» Вале то ҳанўз Файлотус нафаҳмида, ки чӣ маънӣ дорад ин ҳарф ва Лимн барои чӣ гуфт ин чизро. Дар сараш ҳаст ин ҳарф, аммо нигоҳи Лимнро намебинад ва ба нигоҳи саволомези ў посух гуфта наметавонад, ки чӣ андешид.
Ғазаб ҳисоб надорад Файлотусро. Зайле ки падарашро куштанд, мехоҳад кушта бинад қотилро. Ў чашмонашро кушод. Нигарист ба ҷамоъа. Ба назар бисёр касон ғамгин буданд. Вале шоҳ суханашро идома медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор