Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Андар андомаш аломати ғаму андўҳ намонда, табассум дар лабонаш сухан мекард. Гўё марги сипаҳсолор базми шоҳ буд.
Лимн хаёлан бар дўши ў даст ниҳод: «Ҳушёр бишав!» Аммо муроде ҳосил нашуд. Файлотус надид ва пай набурд ишораи ўро, ҳамчунон мотамзада буд. Гоҳ-гоҳ зери абрў сўйи шоҳ нигариста нафрату ғазаб мекард, ки чӣ чеҳраи базмона дорад. Пасон дида чаронд ба чеҳраву андоми дигарон, ки онон низ рўйи базмона доранд, вале мотам бар марги сипаҳсолор гирифтаанд. Ғамиву мотамӣ метофтанд афту андоми дигарон. Шояд онҳо низ чун Файлотус андеша доштанд аз тақдири хеш ва подоши амали худро нигарон буданд. Подоши хидмати якумраи сипаҳсолор чунин бошад, кайфари хидмати сарбоз чӣ гуна шавад? Ғазаб дорад, аммо аз ин дурӣ ва пеши назари сипоҳ натавонад коре кардан:
чашмонаш баста, дастонаш ишкелзада, забонаш ғундагазида ва пойҳояш бурида тобанд. Зиндониён барин орзу кунад ва хаёлан роҳҳои ниқору қасос ҷўяд, тариқи куш пеши назар орад, найрангҳои нобуд сохтани шоҳро бофад...ва… Ва оқибат мисли мамлукҳои юнонӣ, ки гоҳи набарду овард ба шоҳ Доро хиёнатҳо карда буданд, роҳи фиребу ҳиял пайдо карданӣ мешавад... Аммо анҷоми найрангҳоро надонад.
Лимн нигарон буд анҷоми маросими мотамии сохтаро. Чун анҷом пазируфт маросими беҷаноза, дўстону қадршиносон як-як Файлотусро дилдорӣ карда мерафтанд ва баъзеҳо мармуз сар ҷунбонида, дар дил асроре ниҳон дошта мегузаштанд ва ё аз чизе афсўс мехўрданд, ки барои ў муаммо буд. Тоифае низ буданд, ки ба Файлотус наздик ҳам намеомаданд, нигоҳ ҳам намекарданд.
Мазмун: ё ҳазар доштанд ва ё аз ғазаби Искандар метарсиданд.
Шояд ин тоифа сирру пиёзи фоҷиаро хубтар медонистанд. Писар ба дилдории баъзеҳо сар меҷунбонд ба миннатдорӣ, вале ба иддае намерасид ё дурӣ мекард. Аммо ў сипоҳигариро намедонист ва ба ҳама якранг муносибат намекард. Хушомадро дўст намедошт, хушомадгўйро дида наметавонист. Дар одаму одамгарӣ шоҳу гадоро баробар медонист. Аз касе муттаҳам будан намехост, ҳарфи касеро намехўрд... Тундиҳо низ дошт.
Аз ҳама баъд Лимн омад. Чунон ки хаёл карда буд; даст бар дўши ў ниҳод ва ду-се бор навозишкорона сабук-сабук зад, вале чизе нагуфт. Хеле хомўш ҳамроҳ гом заданд. Лимн яқин дошт, ки касе бо ў чунин муносибат накарда ва ў хоҳ-нохоҳ дар ин хусус бояд биандешад ва оқибат бипурсад асбоби рафтори ўро. Чун вазъ ноҷўр аст ва ҳама ба якдигар нобоварона менигаранд, онҳо ба якдигар чизе нагуфтанд. Чунон ки замона дигар гашта ҳама ҷосуси якдигаранд. Бовар ба касе намонда. Баъди куштори сипаҳсолори сарсупурда ҳоҷати пархош кардан набувад ва ба касе бовар карда сухан гуфтан нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор