Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар нигарист сўйи онҳо. Пайкон зер омаданд аз бораҳо ва сари суҷуд оварданд ҷониби шоҳ. Нафари аввал пешгўйӣ кард:
— Манам Боғистони порс...
Дигаре фармуд:
— Манам Атибал – пури Мозаи бобулӣ.
Онҳо шиносониданд хешро, то бе ному насаб нараванд. Зеро они сухан дар садои онон ларзише буд гувоҳ аз тарсашон.
— Иддао чист? – пурсид Искандар ва онҳо гўё ки муждагонӣ мегирифта бошанд, баробар фарёд заданд:
— Бесуси Бохтарӣ шоҳ Дороро банд кард!
Як қад парида Искандар вазни бар зин андохтаашро бардошт ва пурсид:
— Чӣ гуна банд кард?
— Асир гирифт! – боз баробар фарёд заданд.
Искандар бовар накард. Бовар накард, ки як сатрап шоҳаншоҳро тавонад бандӣ кунад. Ва ишора кард, то он ду нафарро асир гиранд. Ончунон карданд.
Искандар як замон моту мабҳут буд ва намедонист чӣ кор карданро. Чун ба худ омад, ба пайкон эътиборе надода, амр ба ҳабсу қатл ва ё раҳоиашон накарда, пеш тохт то назди дастаи пешорў. Аз чаҳорнаъл омадани фавҷи Искандар даста беқарор шуд ва рў ба гурез овард. Шоҳи мақдунӣ лигоми Бусефалро кашид ва даста қарор гирифт. Ба пиндори Искандар чун порсҳо фиристодагони худро бо ў надиданд ва посухе аз онон нашуниданд, рў ба фирор оварданд. Шоҳ амр кард ба Файлотус, то бозгардад ва фиристодагони порсиро биоварад. Чун масофа наздик буд, Файлотус тирвор бирафт ва чун бод баргашт ҳамроҳи порсиён.
Искандар ба онҳо фармуд бигарданд ба гурўҳ ва посух бидиҳанд, ки шоҳи мақдунӣ саросар ҳамаро фаҳмида ва ҳолиё биравад ҷониби бошишгоҳи Дорои Саввум. Онҳо наҳаросанду нагурезанд.
Балки роҳ намоянд ба лашкари мақдунӣ.
Ҳамчунон шуд: Искандар «Дўстон»-ро гирифт, ялони размиро, тирандозони номиро, шамшерзанони беназирро... инчунин зоти сафару тўшаи дурўза гирифт. Он қадар осемаву беқарор шуд, ки бозомадани дастаи Кенро, ки барои ему хошок фиристода буд, нигарон нашуда асб монд сўйи Хазар...
Лимн монд ҳамроҳи пасовандон. Гўйӣ Искандар дониста ононро ҷудо кард ва алам кашид ў.
Искандар ёздаҳ шаборўз андар моварои Эрон асб ронд, то гўри гурезон Дорои Кудумонро дастгир кунад. Ҳолиё бо он суръате ки пойкўбаву пошнахез аз Эроншаҳр сўйи Ҳангаматон (Ҳамадон) омада буд, асб меронад, то охирин шоҳаншоҳи Порсро зинда дарёбад. Ў бовар надорад, ки Бесуси Бохтарӣ шоҳро асир гирифта бошад. «Бовар надорам. Доми фиреб бувад...» Чунон ки Бусефал ёлу фиш дирафш карда чаҳорнаъл пеш метозад, фикру андешаи шоҳ низ тез мешавад ва бешумор назди Дорое рафта меояд, ки чанд бор андар овардгоҳ рў ба рў омада буд.

пешина
аз 391
навбатӣ