Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ўро хўдбарсару ҷавшанпўшу рўйинбозу дида буд ва асби Шаҳбодашро дар кажину баргустувон. Сарафзори Шаҳбод ва ҷайбаи ҷавшани Доро зарин метофтанд; инчунин дастаи шамшераш, камарбандаш ва соқпўшаш. Ҳамчунон дида буд Искандар Дорои чиҳилу чаҳорсоларо ва ба назараш худи ў зарин метофт... Ва ҳолиё ба ҳамин умед асб метозонад, то шоҳи Порсро зинда дарёбад ва зару зевари ўро аз наздик бинад, миғфари мурассаъ ба зару зеварро бар сар ниҳад ва асрори зардории Шарқро бипурсад...
Вале мурғони баднамо намегузоранд, ки ў хубтар ва мусалсал андешад. Гўйӣ дар сари ў ҷой гирифтаанд ва фазои танги косаи сари ўро такорў мекунанд. «Ҳай бадафтҳо! Ҳай зиштрўйҳо! Куҷо метозед? Шумо низ дарёфтед, ки шоҳаншоҳ мурда?»
Ба назари Искандар мурда шоҳаншоҳ. Ва мурдааш зарин: андар сағонаи тиллойӣ гирифтаанд ва эрониён охирин шоҳи ҳахоманиширо ба сони ҷанозаи Куруш ё Дориюши аввал бо тантанаи шоҳаншоҳӣ хоҳанд гўронд.
Ва асб метезонад Искандар. Пўсти сапеди рўяшро, ки аз офтобу бод мисранг гаштааст, дигар ҳимояву эҳтиёт карда наметавонад, ҳама чизро ба таваккул супоридааст, ҳатто ҷонашро. Ва пайку пайғоми омадаҳо дурўғ бошад ҳам, фарасро пошна мезанад, то зудтар расад ба қароргоҳи сипоҳи Порс.
«Сўйи Хазар» маслиҳат медиҳанд онҳое, ки хабари асирии шоҳи Порсро оварда буданд.
«Кишк!»
Даст гирди сар гардонида лошахўрони бадниятро дур рондан мехоҳад. Ҳамрикобон чунин кори шоҳро дида тааҷҷуб мекунанд, вале намеёранд бипурсанд.
Хуршед паси сар шудааст. Ҳамин замон гетиро бадрўд мегўяд ва Искандар нафаси осуда мекашад, ки каргасҳои зишт зери пардаи сиёҳ мемонанд ва то тулўи офтоб осудааш мегузоранд. Вале корвон; зану фарзанд, гардунаҳои сустгард, сарбозони маҷрўҳ, нотавонон ва сипоҳи пиёдагард дар ҷое мемонанд, ки тортанаки зарин тори сарашон аст.
Искандар имшаб тамоми шаб дастаашро пеш бурд; асбонро дам надода, айшу ишрат накарда, шаробу кабоб нахўрда бо суръати искандарӣ ҳаракат кард. Ва гоҳе ки шафақи субҳ дамид, дарёфт, ки тамоми шаб рў ба офтобнамо рафта будааст. Чун бар сари олам пардаи сиёҳ омад, ғалмағали мурғони баднамо хомўш гашт ва ба сари Искандар фикру андешаҳои зиёд бор шуд. Балки андешаи нав надошт, ҳама саргузаштро такорў кард: дар бораи модараш Олимпиада, хориҳои ў, муборизаҳояш ва то ба ин рўз расонданаш писарро... ва баъд... сафару пархошҳояшро бори дигар пеши назар овард... Саҳл... Саҳл монда буд, ки борҳо мирад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор