Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аммо ҳолиё шоҳаншоҳро дар чунин аҳвол – баставу афканда дида, боз раҳмдилиаш боло гирифт, сархам омад назди Бесус:
— Гуноҳ гуноҳи шоҳ набувад, ҷурми ман...
— Чӣ мехоҳӣ?
— Раҳояш бикун...
— Воқеан гуноҳи ту будааст.
— Бале, Бесус, гуноҳи ман аст.
— Туро низ бояд бандӣ кунем?
Сипаҳсолор чизе нагуфт, балки дастон баробар мушт карда пеш ёзид, то бубанданд.
— На-а-а... Хидмати ту барои кишвар зиёд аст. Моро гунаҳгор накун.
— Маро бубанд, шоҳро раҳо бикун. Ҷурми мост, ки натавонистем кишварро дифоъ кунем. Чаро мо танҳо шоҳро гунаҳгор донем. Ту низ амирӣ, ту низ сипаҳсолорӣ, ту низ ҷавобгўйӣ. Пас чаро танҳо шоҳро банд кунӣ, дар ҳолате ки кишвар назъи ҷон дорад? Магар бо куштани Доро хоки Эронро ҳимоя мекунӣ? Магар мурдаҳо зинда мегарданд? Рафтаҳо бозмеоянд?
— Вақти андарз гуфтанат гузашта, сипаҳсолор. Агар худро низ гунаҳгор медонӣ, паҳлўи шоҳат биист... Паймона шикаста, косаи сабр лабрез аст.
— Донӣ, ки сулола чӣ шавад? Доро охирин намояндаест аз Ҳахоманишиён. Агар инро низ нобуд кунем, силсилаву шаҷара гусаста гардад...
— Магар надонӣ, ки Бесус низ аз ин тухма аст?
— На. Надонам.
— Бидон: бо мурдани Дорои Кудумон, ки насабашро танҳо вазири маккор Боҳуй медонист, шоҳаншоҳии Эрон фано напазирад. Чунон ки бо фавти Куруши Кабир салтанати Ҳахоманишиён нашикаст. Аммазодаи ў Дориюши Аввал тоҷи шоҳаншоҳӣ бар сар ниҳод.
— Оре, Бесус, донам. Дориюш хуни ҳахоманишӣ дошт ва фарри шоҳӣ низ. Хирад дошт ва рою род. Ройзану родмард буд. Ҷанг бо душман мекард ва хоки қаламрави хешро фарох месохт. Аз Синд то Миср, аз Бобулу ақсои Олам, то Мақдуниёву Юнон... Чун шумо шоҳи хеш ва ҳамнабарди хешро бандӣ намекард...
— Гуфтам, ки аснои андарз ва таъна нест! Ва ту маро таъна занӣ, ки дар бохти ҷанг низ гунаҳгорам.
— Оре, танҳо ту на, мо ҳама гунаҳгорем ва ҳама ноомаду бебарориро ба сари шоҳ Доро ҳамл кардан аз рўйи инсоф набувад.
— Чун дарёфтам, ту хоҳӣ шоҳи тарсуро ҳимоя кунӣ ва боз хоҳӣ, ки ба сари салтанат ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор