Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман саҳв кардам, Бесус... Бояд ба ҳарфи туву Набарзан гўш медодам. Ва ихтиёри кишвардориро ба ту медодам.
— Туро пештар бандӣ кардан дуруст будааст... Ҳатто он замон ки ба ҷанг надаромада будӣ...
Доро напурсид, ки чаро чунин гўяд. Бесус донист, ки ин ҳарф ба ў нафорид, қасдан такрор кард:
— Агар замони шоҳи Порс шуданат ба банд мегирифтемат, ақлат медаромад.
— Ман ҳеҷ гоҳ беақл ё камақл набудам, Бесус. Ҳамон вақт ҳам мехостам ихтиёрро ба ту диҳам, халал мерасонданд ба ман. Дар дунё нерўе нест, ки сипоҳи Порсро мағлуб созад мегуфтанд. Ман бовар кардам ба суханони аъёну акобир ва сипаҳбадон...
— …ба суханони мамлуку бардаҳои эллинӣ...
— На. Ба суханони ҳама... Зеро ҳамаи онҳоро ман дўст мепиндоштам, чунон ки Бесусу Набарзану...
Садои хандаи баланди Бесус сухани ўро қатъ кард:
«Афъӣ!»
Ва шоҳи бандӣ дарёфт, ки суханонашро газоф мепиндоранд.
Дар бораи Эрон зиёд гуфтан мехоҳад, аммо беҳуда медонад. Онҳо бовар намекунанд ба ў. Ба чапу рост нигарист ва аз он ду тани дар паҳлўяш нишаста санги мазор беҳ донист ва рў ба Бесус овард:
— Ман аз аввал ба ту ихлос доштам, Бесус. Ғайр аз ту ҷойнишине нест, ки Порсу Эронро саришта кунад. Ҳама умед ба ту...
Хоҳише дорам аз ту: маро то Хуросон бирасон. Он ҷо раҳо бикун.
Бояд бо суғдҳо паймон бубандем ва бо Искандар биҷангем...
— Магар то ҳанўз бо Искандар наҷангида будӣ?
— Ҷангида будам, Бесус. Ту низ ҷангида будӣ... Вале моро гўл заданд... Ҷанге ки дар Хуросон бояд шавад, дигар ҷанг бувад.
— Ҳо, рост гўйӣ, – киноя зад Бесус. – Спитамони суғдӣ пайғом фиристода, ки шоҳ Дорои Кудумон чашмбароҳ бошад, лашкар мефиристам, бо Искандар биҷангад.
Доро донист, ки Бесус боз дурўғ мегўяд, дам ба дарун гирифт ва фарёд зад:
— Ман дигар тоқати кинояҳои туро надорам! Ё бикушам! Ё раҳоям бикун!
Асби гардунакаш магар хатарро пай бурд ва ё садои ошноро шинохт, ки бозистод ва шоҳи бемуттако ба сар рафт.
Сипаҳсолори бомулоҳиза Ортобоз, ки раҳмдилии Дорои Кудумонро ба хислатҳои худ наздик медонист, ҳоло аз дидани чунин ҳол дилаш сўхт ба шоҳ ва намедонист чӣ гуна мадад кунад ба ў. Сипаҳсолори куҳансоли собиқадор дар набардҳои сахт он қадар дилгиру хаставу лоғар нагашта буд чунон ки гоҳи банд шудани шоҳ. Ҳар гоҳ азм мекард, назди Бесуси Бохтарӣ сар хам кунад ва бипурсад, то пўзиш кунад шоҳро, вале худдорӣ мекард, ки аз барои шоҳи раҳмдил, бепарво ва андаке тарсу аз як нафар сатрап, ки ба мартаба аз сипаҳсолор пасттар меистад, сарзаниш ё танбеҳ набинад.

пешина
аз 391
навбатӣ