Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипоҳи мақдуниву юнонӣ барқосо ва чун мўру малах шаҳрро фаро гирифт, вале ёде аз Мелкартхудо накард. Балки дар буни ҳар девори шикаста, асосу бунёду пояҳои бебору ворафта, дарвозаҳои бедар, зеҳи хонаҳои пирони барҷомондаи ватанпараст, пайҷойи хонаҳои бесоҳиб, оғилу каҳдон, паҳлўи ҳайвонот, давродаври дижи на чандон азим ва андар ҳарами хурди Мелкарт ҷо шуда буданд сарбозон. Гумон мерафт – омада онҳо наянд; балки пос ситода, то адў пой наниҳад ба д – ин мулку марз. Вале Искандар андар ҳарами хурд он дилхушиеро пайдо накард, ки дар дигар кўшку ҳарамҳои забткарда дарёфта буд. Ба назари шоҳи ҷавон:
пеш аз ў душмантаре қадами номуборак бар ин ҷой ниҳода, ободон харобот гардонидааст: ҳузновар; нишемани чуғзро монад…
Ў бори нахуст хешро чун ятими аз даргоҳ ронда дарёфт; агар заҳр буд, қанд пиндошту фурў бурд; ба хотири Геракли бузург қурбонӣ фармуд. Вале нагузошт аз моли мардуми таҳҷойӣ хун кунанд. Балки уштури аз корвони Доро ғаниматафтодаро сар буриданд; аз бехи калла, аз назди пешсина, аз миёни гардани дароз; аз дувоздаҳ ҷой, то хуни зиёди ҷонвари дар биёбонҳои дур ташналаб гашта зудтар резад. Пасон ҳама бошандагони аз ҳуҷуми лашкари Рум наҳаросида, дар гўшаву канори шаҳри қадима ҷой шударо хонданд ба гўштхўрӣ. Они қурбонӣ Искандар хешро ҳомиву ғамхори пирони барҷомонда вонамуда; зери пўсти эшон ҷой шуда; суханони ширин гуфта; дархост, то ҷойи ҷон ва калиди маданги Тири пурасрорро бигўянд ва роҳи осону боби убури баҳрро намоянд. Онҳо хўрдаро заҳр пиндоштанд; бархе ғарора карданд, баъзеро дар гулў руст монд; дигаре дасти бурда ба гўшт бозкашиданд, вале гуфта натавонистанд. Барои он ки шоҳ Искандар шубҳа аз эшон накунад, фармуданд:
«Роҳи саҳлу осон надорад.»
Искандар бовар накард.
Гуфтанд чанде: «Ҷуз сафинаву заврақ чизе ба он ҷо набарад.»
Искандар андешид ва ёд овард шунидаеро: «Бо собуни шарқиён ҷомашўйӣ накардайӣ.»
Аммо чун то имрўз ҳама пирўзиҳо осон намуд, ба пирўзиҳои навбатӣ бовар дошт.
Чун пирон аз назди шоҳи мақдунӣ дутову долу хамида бирафтанд, ў зи нав ба андеша рафт, то чӣ пеш ояд. Сахт буд вазъу ҳол ва зиёд буд андеша. Пардаи сиёҳи оламро фарогирифтаи шаб низ натавонист андешаи ўро кўтоҳ кунад ва ё қатъ гардонад. Ҳама ба хоб рафтанд. Шоҳи шабрав бедор буд. Меандешид. Нақшаи ҳамлаву ҳуҷуми шабҳангомро андар китоби макру ҳилаи сар варақ мегардонд. Чун роҳи убурро намедонист ва касе нагуфту ишора накард, кина гирифт ба пирон; ғазаб кард ва роҳи ягонаро худ пайдо карданист.

пешина
аз 391
навбатӣ