Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо дарёи жарф нагузорад ҳамлавар шавад шабгоҳон. Зеро бо шамъу машъалаҳои зиёд шабохун задан асрор ҳувайдо гардонад ва ў осон ба мурод нарасад. Зеро Тирро гирифтан ба касе муяссар нагардидааст…
Садои чуғзе омад аз харобае ва ё нўки кадом дарахти хушкида:
«Чу!» мегуфту хомўш мемонд ва мазмун, гўш медод, ки посухе аз ёр ояд ё на? То донад, ки дар роҳи харобӣ танҳо нест. «Чу!»
На. Танҳост. Посухе нест. Ёрманде надорад. Баъди хеле хомўшӣ ҳамин садо аз сўйи дигар омад. Боз ҷавоб нагирифт. Искандар, ки ба нияти бади мурғи харобахоҳ ошно набуд, аҳамияте ба ин чиз надод; ҳамин қадар фаҳмид, ки ҷуз ин садо садое надорад шаҳри бостонии Мелкарт. Аммо чуғзи танҳо барои Искандар месурўд:
«Олами ҳастӣ чуғзонро бақо кунад… Эй марди роҳ! Хешро овораву сарсон накун! На аз ахтаре зарае бигирӣ, на аз Хуршед; на аз зар, на аз обу оташ! Оқибат хокат хўрад!» Вале Искандар гўши суханшунав надошт. Танҳо дарк карда буд ва дарёфта, ки чуғз орзу ва нияти ўро сарояд: харобот кардани Тирро… Чуғз боз наздиктар «Чу!» гуфт: аз кадом бурҷи диж. Шояд аз ҳамон гўшаи вайрона, ки шоҳи вайронкори бегона хароб карда буд. Ў чуғзи вайронахоҳ ва баддаҳонро кишк нагуфт, балки гўш дод ба садояш.
«Мешунавӣ?»
«На!»
Нигарист ба Барзин: «Намешунавӣ? Баланд мегўяд-ку?»
«Кӣ?»
«Чуғз!»
«Чуғз? Агар чуғз баланд гўяд, хуб нест…»
Искандар чандон эътибор надод. «Зан, ки дар оғўши гарм даромад, ҳар чиз мегўяд.» Аз дил гузаронд ва дер хомўш монд.
Барзин низ. Ҳар ду бедор буданд; андеша доштанд. Чизе намегуфтанд. Гўё хобанд.
«Чӣ хел хуб нест?»
Фурсати тўлонӣ гузашт. Ў ба чӣ хаёл рафт, ки пурсид. Барзин, ки ҳайрон монда буд аз чунин ранг гирифтани сўҳбати хоболуд, лом нагуфт.
«Хобӣ?»
«Хобам…»
Гардуна такон хўрд. Садо аз гўши ў дур шуд. Искандар донист, ки гўшҳояш садо дода будаанд. Ҳарчанд гўш дод, ки бишнавад, садо такрор нашуд. «Аз ин рў Барзин нашунид.» Сар бардошт аз муттакои гардуна. Барзин даст бар гарданаш ҳалқа кард, то аз оғўши гарм маҳрум нагардад. Нимхез шуд ба қади ў ва сару гардан пеш кашида бўйид. Искандарро бўйид. Зеро аз миёни шавҳарони дидааш дар паси гўши шоҳи ҷавон бўйи тифлона дарёфта буд. Ва хуштар аз ҳама гуна бўйҳои атторӣ донист. Ҳолиё хоболуд ҳамин бўйи дўстдоштаро шамидаву шунида аз нав хобиданӣ буд.

пешина
аз 391
навбатӣ