Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаштсад толон зари сурх бар уштурон бор баст ва аз гарди хазина то зару зевар ҳама бар дўши сутурон бор шуд ва корвони хушомад раҳ сипард сўйи Искандар.
Шоҳи зархоҳ Искандари Мақдунӣ низ хуш пазируфт Мозаки порсиро; чун зару хоста бидид, хушнуд гашт, ки фиръавни Миср дарёфта нияти ўро. Ин миқдор тилло баробари воме, ки Искандар бар дўш дошт.
Мозак аз чеҳраи кушоди Искандар рўҳ гирифт, шерак шуд; сари суҷуд овард ва фармуд:
— Яздони пок фиристода Искандарро! Чун наҷотбахш фиристода ўро!
— Ай Мозак, чаро чунин гўйӣ?
— Ай фиристодаи худо! Зиёда аз дувист сол аст, ки мардуми Миср зери асорати порсҳо ҳастанд. Дар миён шаст сол озодӣ доштанд ва даҳ сол қабл Ардашери Саввум шоҳи Порс боз лашкар кашид ба Миср ва аз нав тасхир кард мулкро. Порсиён зўран марзу бум идора кунанд. Косаи сабри мардум лабрез аст. Нигарон буданд омадани наҷотбахши хешро.
Чун хушомади Мозак руйирост буд бо душмани тавонову доно, дили шоҳи мақдунӣ раг зад, ки чаро чунин гўяд аз диди аввал.
Ҷилави нафси хеш кашид; фурсате бардошту таҳаммул бикард ва вонамуд, ки шоҳписари мақдунӣ барои зару зевар наомада; назар баланд дошт.
— Зару зевар дар ҳама ҷо зару зевар аст ва қадру қимат дорад. Аммо мақдуниён ин ҷо аз баҳри тангаву тилло наомадаанд.
Барои раҳоии мардуми Миср омадаанд.
Ҷиддӣ буд авзои Искандар ва Мозаки хушомадзан намедонист чӣ бикунад. Сўйи хидматгузорон менигаристу ба шоҳ Искандар.
Ёварон низ чӣ кор карданро намедонистанд. Чун Мозак нигоҳ ба эшон карда буд, маънӣ кашиданд ва осема тубраҳои зар бурданд ва пеши пойи шоҳ Искандари Мақдунӣ рехтанд.
Искандар бо гўшаи чашм зари холис аз назар гузаронд.
Мозаки ларзон чашм аз чеҳраи шоҳ намеканд, то чӣ пеш ояд. Назари шоҳ баланд буд. Мозак гумон дошт, ки ҳолиё шоҳ бо нўки пой заро пош хоҳад дод; кирдору рафтори фиръавни Миср нохуш хоҳад анҷомид.
Баъди аз назар гузаронидани зари холис Искандарро шубҳа бартараф шуд. Мозак найранге надорад. Пазируфт зару хостаро.
Ранг давид ба рўйи шоҳи Миср Мозаки порсӣ.
— Мисриён аз ситами порсҳо раҳо хоҳанд ёфт! – фармуд Искандар. Ба гўши фиръавни Миср расид, ки шоҳ Искандар ба ивази

  1. 1 талант = 26,2 кг.
пешина
аз 391
навбатӣ