Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

зару зевар чунин гуфт. Бовар накард. Мазмун: хато шунид. Ва якбора чун мурғи аз об баромада худро афшонд.
— Мисриёни вафодор бесаброна нигаронанд даррасидани шоҳи ҷавонбахтро! – Мозак он чӣ дар дил дошт, ба забон овард.
— Пас, ба Миср биравем?
Мозак чорқат шуд, вале чизе нагуфт.
Искандар дарёфт муроди Мозаки тамаъкорро; донист, ки мақсад на хуш пазируфтани мақдуниён; на ба онҳо ҷойу ҷалол бахшидан ва на тамаъҳое ба суди Миср, лобал ҳифзу ҳимоя кардани сари хеш бувад; ва аз даст надодани лақаби «фиръавнӣ.» Барои чунин матлабро дарёфтан сар шикастани Искандари ҷавони пурдида зарурате надошт. Зеро ў медонист, ки хушомадро баҳри мақсади олӣ, ҳифзи мардуму ҳимояи миллат ва дифои Ватан назананд, балки ба хотири маснад, курсӣ, ришвахўрӣ, фармонравойӣ, ҳукм баровардан, қасд ситонидан ва бисёр корҳои пастро ба сомон расонидан гўянд. Сарвару раҳнамои ҳақиқӣ аз байни мардум барояд ва ўро халқ пешбариву интихоб кунад. Искандарро баъзе аз ин андешаҳо ба сар омада буд; ва боз андешаҳои худашро судманд дар мағзаш гирд мегаштанд. Беихтиёр даст бар дўши Мозак ниҳод ва гуфт: «Ман донам, Мозак, Миср дербоз моро нигарон аст…»
ва давоми суханашро на танҳо ба Мозак, ба ҳамагон гуфт:
— Ба сўйи Миср!!!
Ба назари Мозак расид, ки панҷаи бардошта ва кушодаи Искандар чун панҷаи Хуршед нур баровард.
Артиши баҳрии Финиқияро, ки пештар аз омадани шоҳ ба Пелузий расида буд, Искандар фармуд ба сафари Миср омода шавад. Рассомон, ороишгарон, ҳунармандон, хушдастонро ҳамроҳ бигиранд, то пойтахти мисриён шаҳри Мемфисро орову торо ва зебу зинат бахшанд. Ҳамчунон шуд: сафинаҳои зиёд ба ҷараёни рўди Нил ворид гаштанд ва равона шуданд сўйи Мемфис. Чунин пешниҳод, ки Мозакро хуш омада буд, корвони хеш раҳо ба биёбон карда, ба киштӣ нишаст, то зудтар расад ба Мемфис ва то омадани Искандар шаҳри зебову афсонавиро зеботар гардонад.
Искандар бардошт ва худдорӣ кард аз сафар, то аз сарраммол чизе бипурсад, ки аз ин ҳама чӣ бар ояд. Вале дилаш об нахўрд ба Аристандри Талмосӣ; даромад ба пардасаройи Барзин. Гўйӣ баъди пирўзии осону ройгон ҳоҷат ба фароғат набуд; баҳона овард, ки ба дидани Геракли кўчак даромад. Ўро рўйи дастон гирифт; хандид ба рўяш. Тифл низ сўйи ў хандид. Андар кунҷи лабонаш ва рўйи забонаш шири ҷурғотак баста ҳувайдо буд: «Шир хўрдӣ?»
Ба пурси ў ба завқ хандид ва дасту пой зад:
«Ғуммача…»
— Киро монад?
Гўйӣ аз худ пурсид; аз Барзин низ ҳам. Модар аввал табассум кард, пасон дилаш раг зад, ки Искандар чиро дар назар дорад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо