Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мулке, ки даст ба даст гузарад ва шоҳи боному насаб, инчунин зўру тавони ҳифзу ҳимояи хешро надошта бошад, дар бозори набарди ҷаҳонӣ чу матоъ даст ба даст равад.
Себак андар набарди Йусус бимурд. Мозаки порсиро мисриён ҷонибдорӣ намекунанд; барои эшон фарқе надорад, ки Мисрро порсиён соҳиб бошанд ё мақдуниён. Мозаки ба ном соҳиби Миср пиндорад, ки Искандар озодӣ бахшад ононро; бехабар аз он ки хурўс дар ҳама мулк як хел бонг занад.
Мисриёни азияткашида ва ҷангзада паймон карда, ки ҷанг накунанд, балки юнониёнро бипазиранд чу дўст бо нону намак. Зеро дилмонда, харобгашта, хонасалот ва даступошикастаанд аз ҷанг.
Аминта чунин нуктаҳоро дониста, тахмин карда буд, ки мисриён набояд пархош кунанд… ва дуруст баромад тахминаш. Гоҳи аз шаҳри Пелузий гузаштанаш мисриён ва мардуми ба радду бадалҳо ва табаддулотҳо одат кардаро бидид, ки гирду ҷамъ омада буданд ва сипоҳи кирояро хуш пазируфтанд. Аминта рўҳ гирифт аз чунин пазиройӣ ва сафар идома дод сўйи Мемфиси фиръавнҳо…
Ва аммо андар остонаи шаҳр сипоҳи кирояро на мисриён, бал порсҳо пешвоз гирифтанд. Ба ҷойи нону намак тиру туфанг пеш омад, ки Аминта чашмдор набуд. Ин ҳодисаи ғайричашмдошт Аминтаро ба хашм овард. Таксиарх Аминта то дар назди Искандар муттаҳам ва шармсору таънасор набошад, сипоҳи кирояро фармуд ва ваъдаҳо дод, ки ба ҷанги беамон дароянд. Андар остонаи шаҳр ончунон новард карданд, ки порсҳо дошт надода, хешро ба даруни шаҳр заданд. Лекин кори нохубе карданд бардаҳо: онҳо, ки умед кашида ва пул гуфта ба ҷанг мераванд, чу нодидаҳо ва носерамҳо даст ба талаву тороҷ заданд. Чун ба ҷангидан ҳоҷате намонда буд, пелузиёнро бохтаразм дониста, ба яғмогарӣ пардохтанд. Чунин рафтори нозебои меҳмонони нохонда ҳирсу нафрати мисриёнро барангехт ва оташи ғазабашонро барафрўхт… Бархостанд бар зидди юнониён; аз ин ҳол рўҳ гирифтанд порсиён. Ва баробар зидди адў теғ кашиданду синон. Чунон набарду овардҳо буд, ки Аминта хаёл ҳам накарда буд. Порсҳо аз як сар бикўфтанд ҳамаро; ҳатто сарфавҷи таксиарх – сарфавҷи сипоҳи кирояи юнонӣ Аминтаро, ки саҳл ангошта буд ҷангро ва соҳиб гашта буд шаҳрро.
Вале чун овозаи ба дижи сарҳадии Пелузий омадани шоҳ Искандар ба гўши шоҳи Миср Мозаки порсӣ расид, гева гузошту патак пўшид. Чунон битохт, ки падар сўйи гумгаштаписар. Мозаки хушомадгўй дороии махзани шоҳиро пешкаш бурда буд ба шоҳи мақдунӣ.

пешина
аз 391
навбатӣ