Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

шояд шавҳарони пешини ўро, шояд худашро, қаҳрамонони асотириро, ки одатан фарзандони шуданиро ба онҳо монанд мекарданд, нисбат медоданд ва номашонро ба кўдакон мегузоштанд; баъд афсонаҳо мебофтанд. Ва Барзин барои он ки андешаи шоҳ зоҳир гардад, пурс аз Искандар кард:
— Ба назари шоҳ ў киро монад?
— Равшан нест… Ҳар киро монад…
— Чӣ гуна ҳар киро? – пас-пас рафт Барзин.
— Маро, туро, Гераклро…
— Ва ту низ ҳазл карда метавонӣ, Искандар?
— Чун ҳазл бошад? Нигар! Бозувонаш ба бозувони Геракл монад…
— Худоё аз заҳри чашм нигаҳ дор!
— … абрўвонаш абрўвони туро…
— Хайрият!
— Дигар ҳама ҷояш маро монад.
Барзин, ки тахминаш хато баромад, ба гурези сухан ва сипоҳигариҳои шавҳар нигоҳ накарда, ба умқи чашмони шоҳ нигарист ва бо нозу адо ҷафс шуда, сар бар сари синаи Искандар ниҳода, навозиш кард тифли рўйи дасти падарро, то гармтар ва меҳрубонтар шавад дили дар размҳо ва ғарибиҳо сангӣ гаштаи ў. Ва шоҳи марзҷў, ки машғул ба разму пархош буд ва чунин пешоварди шоҳони порсиро ками дар кам дида буд, аз эҳдои Мозак шод гашта, бигуморид минбаъд низ чунону чунин шавад ва шоҳи мақдунӣ осон ба даст орад Шарқро. Аз ин рў майл кард сўйи зан. Оҳиста рўйи бистар хобонид Гераклро ва ба ҷойи он Барзини нозанин рўйи дастон бардошт. Ҳамон зайл, ки оҳиставу боэҳтиёт кўдакро бар бистар ниҳода буд, бар ҷогаҳ хобонд занро… ва хештан бар ў бор кард. Чунон роҳате дошт, ки орзуи бархостан надошт. Хунҷа кашид чун одат, ки шарм надорад, маҳалларо ба сар мебардошт.
Барзин каф бар даҳони ў гузошт, то пардадорҳо ва посбонҳо огоҳ нагарданд. Нафасаш тез шуд ва навзод аз мақоми падар ҳаросида ба гиря омад; айши падарро мунағғас кард.
— На!… Ин тифл на маро монад ва на Гераклро… Тарсуст!
Паҳлў гашта гуфт Искандар ва Барзин, ки ҳаваси ўро гирифтану ором кардан дошт, дастони ёзидааш бозпас омад. Андеша карду бардошт, вале дер напойид худдориаш:
— Пас, киро монад?
— Порси тарсуро…
Барзин ба китфи рост нимхез шуд ва пурсид:
— Ин суханҳо чӣ маънӣ дорад, Искандар?
— Ман намехоҳам, ки пури Искандар тарсу бошад!
— Искандар бори аввал чунин садо мекунад; зиёд шунавад, одат кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо