Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандарро хуш омад ин ҳарф; Барзинро сахт оғўш кард, сар дод ва фармуд:
— Ман низ чунин андеша дорам.
Барзин писарро бардошт, ки тар карда. Парпеч кушода, махсус чукаш ба падар намуд, ки одатан падарон ба чунин дидан шод гарданд; ўро бар сари синаи Искандар бор кард ва бо забони кўдакона – аз номи писар гуфт:
— Ман ба худоён, ба нимхудоён ва қаҳрамонҳои афсонавии падаркуш: ба Крон, ба Зевс, ба Геракл, ба Эдип монанд намешавам, падар; ба Одам монанд мешавам, ки ба касе озораш нарасида.
Искандар табассум шикаст бар лабон ва дерёз ба андеша рафт, ки чаро Барзин аз номи кўдаки безабон чунин гуфт? Ҳар шўхӣ ростие дорад. Ў андаке сар ба паҳлўи чап тофта, сўйи зан нигарист. Барзин худро ба нодонӣ зада, афзуд:
— Ман ҷанг намекунам, одам намекушам; ё Суқрот мешавам ё Афлотун, ё Софокл, ё Арасту…
— Филипп на? Александр на? Ҳатто Ахилл на? – қасдан кунқкобӣ кард падар.
— На, падар! Рўҳам Филиппона, ҷасорату дилу гурдаам Александрона, андешаву ниятам Ахиллона… Аммо шамшер бардоштанро дўст надорам…
— Офарин, Геракл! Мо ба воя расида корзор дида будем; ту чашм кушода размгоҳ дидӣ. Худоён мададгори ту бошанд!
Искандари доно ҳарфро зиёд накард, балки ишора намуд, ки оянда ва тақдири кўдак дар дасти худаш набувад: худоён ҳал кунанд қисмати ўро. Боэҳтиёт аз зери кашони хурди ў кафони бузургашро гузаронд ва баланд бардошт:
— Ана ҳамин хел худоён туро ба осмонҳо баранд; ба воя расонанд ва боз баргардонанд ба ман. Ҳолиё гаҳвораи ту маҳмил… Ту бояд кишваркушо гардӣ. Ба пойтахти афсонавии Миср меравем.
Ҷойҳое, ки одамон дар пирӣ, ҳатто дар хобашон намебинанд, ту бояд дар тифлӣ бубинӣ. Зеро ту писари Александри Сонӣ ҳастӣ.
Барзин ба ҳарфи охирини Искандар махсус диққат дод ва гуморид, ки шоҳ барои дилдории малика чунин фармуд; варна дар оғози сўҳбат «ин тифл на маро монад ва на Гераклро» гуфта буд. Мазмун: ҳазл будааст, ки фаромўш кард. Зери абрў ба шоҳ нигарист. На шоҳро мемонд, бал падарро: ором, оддӣ ва бараҳна буд чун инсони аввал. «Чӣ хуш буд, агар ҷанг набудӣ; одамон осуда, оддӣ, ором будӣ ва хуш зиндагӣ доштандӣ. Одамвор сўҳбат, шинухез, муомила, рафту омад ва хешу таборӣ кардандӣ. Падар ба писар хашм нагирифтӣ, писар ба падар… Ва боз хушиҳои дигар… Барои зару хоста, барои дижу кўшку коху маснад, барои тахту тоҷ, барои моли ҷаҳон; кишвари бегона, давлату дороии дигарон тартумартҳо накардӣ; зану духтари ғайр набурдӣ, моли ҳаром нахўрдӣ; гўр насўхтӣ, хона хароб накардӣ, мулк оташ назадӣ; дил нашикофтӣ, сар нагирифтӣ, гардан назадӣ, пўсти одамӣ накандӣ, маслуб накардӣ, одам ба дунболи асбу гардуна набастӣ…

пешина
аз 391
навбатӣ