Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз модару зану фарзанд, падари кўру кар гашта дур наафтодӣ, фарзанд ятим накардӣ ва занатро дигарон нагирифтандӣ… Ва…
ва… ва… Ай Худо!!! «Ай Худо!»
— Чаро дароз хомўш мондӣ ва якбора «Ай Худо!» хитоб кардӣ?
— Аз худо талабидам, ки Искандарро аз Геракл ва Гераклро аз Искандар ҷудо магардон.
— Аз кадом худо?
— Аз Худои худоён!
— Аз худои Осмон – Крон? Аз худои Замин – Рея? Аз худои барроқ – Зевс? Аз кадом худо?
— Аз худои яккаву ягона.
— Аз Аҳура Маздо? Аз Аҳриман?
— На! Боз бар сари ҳамаи ин худоён Худое бувад, ки созиш диҳад ононро.
— Ту аз куҷо донӣ, Барзин?
— Ман духти Ортабозам. Ў бисёр чизҳоро медонист.
Искандар хомўш бимонд ва ба андеша рафт: «Як зани хуни порсӣ – юнонӣ дошта ин қадар донад…»
Ва Барзин ҳам риштаи андешаи ў бигусаст ва ҳам шишаи хомўшӣ бишкаст:
— Бино бар донистаи ман: Искандарро низ чизҳое омўхта…
— Оре… Чизҳое гуфта аз ҷуғрофияи Машриқ.
— Ва танҳо?
— Аз содагӣ ва зудбовар будани машриқиён.
— Пас, бо содаҳо размидан чӣ маънӣ дорад?
— Маънӣ надорад, албатта; онҳоро бо сухани хуш, бо макру фиреб, бо кокову шириниҳо ба даст гирифтан имкон дорад, чунон ки кўдаконро… Вале кўдак ҳама умр кўдак намонад; бузург шавад, пухта гардад; сода ба мураккаб табдил ёбад…
Барзин ба андеша рафт, ки чаро чунин пиндорад Искандар?
Наход шарқиён то ба ин андоза гўлу гумроҳ бошанд? Дўстро аз душман фарқ накунанд? Сиёҳу сафед, талху ширин тафовуте надошта бошад?
— Ва ҳамаи инҳоро падари ман гуфт, Искандар?
— На. Инҳоро худам мушоҳида кардам.
— Ҳоло, ки ба Машриқ нарасидайӣ, чӣ гуна мушоҳида кардӣ ва хулоса баровардӣ?
— Чӣ тафовуте? Аз Мақдуниё, ки баромадӣ, ба назар ҳама бадавӣ тобад: ҳама гўлу гумроҳ, ҳама сода, ҳунарӣ ҷангӣ надоранд, ватанашонро дифоъ карда натавонанд. Миёни халқон ягонагӣ набувад.

пешина
аз 391
навбатӣ