Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ҳар ангушт ба сари худ коре натавонад кардан. Вале онҳо пиндоранд, ки ҳар ангушт мушт аст. Содагии онҳо дар ҳамин аст, Барзин: туро газад, маро чӣ ғам? Ҳоло, ки душман ба сари ман наомада, ман бояд хомўш ва ором бошам; бигузор ҳамсояро душман кўбад… Магар надидӣ, ки як касро нобуд созӣ, ҳамсояаш шод шавад; шаҳреро муҳосира кунӣ, ҳамсояшаҳр туро кўмак расонад. Агар чунин набуд, магар Тирро гирифта мешуд?
— Ман надониста, ки шоҳ Искандар ин қадар хуб омўхта Шарқу шарқиёнро! Боз чӣ?
— Боз? Боз Геракл бояд ин нуктаҳоро аз тифлӣ дониста бошад.
– Тифлро сўйи Барзин дароз кард Искандар ва бархоста либос пўшид: – Боқӣ ҳамаро гоҳи сафар хоҳӣ дид.
БАНДИ ШАШУМ
Ин бор Искандар пеш аз сафар раммолон, ситорашиносон ва пирони корро фаро нахонд, балки аз Барзин пурсид:
— Моро чӣ нигарон бошад?
— Худои биёбону марз Аммон кушоиш бидиҳад туро!
Ва Искандар рахти сафар баст сўйи биёбон, ҷониби Мемфис.
Геракл дар каҷоваи қофила ҷунбиши гаҳвора дошт. Ўро бо хоҳиши Искандар ба маҳмил ҷой дода буданд, то чӣ будани гарди сафарро аз ҳозир бидонад, варна андар гардунаи меросии бобойӣ ҳамроҳи момиаш Катоюн буд. Гарчӣ бо канори рўди Нил мерафтанд, аз назари Барзин ба гармтарин нуқтаи олам омаданд.
Дар ин сафар на танҳо гарди роҳ сари миҷгон бардоштан лозим омад, бал зери чангу ғубор монда, гарду арақ пўсташонро часпак гардонида буд. Саворони пеш метофтанд; саворони пасинро меғи сабуки аз зери суми сутурон бархоста печонида буд; тарҳи сураташон метофт.
Сипоҳ ва корвони мақдунӣ ва фавҷҳои савораву пиёда ва дастаҳои кироя саф-саф ва гурўҳ-гурўҳ мерафтанд; пешопеш фавҷи «Дўстон», андар миёна корвони «Табор» ва гетерҳову хидматгузорон ва баъд фавҷҳои дигар. Искандар шодтар буд аз ҳама замонҳо: ҳам зафар дошт, ҳам сафар дошт ва ҳам зар. Ва боз умед баста, ки андар Мемфиси афсонавӣ нигаронанд ўро.
Мисриён Искандарро чун шоҳи асилу ошно ва ҳамчун наҷотбахши хеш пазируфтанд. Шоҳи ҷавону овозадор чу ба Мемфиси афсонавӣ – шаҳри фиръавнҳои мисрӣ ворид шуд, моту мабҳут бимонд: аҳромҳои сар ба фалак ақли ўро рабуданд, ки бо устодӣ ақлу хираду ҳунари дасти инсон беназир ва беҳамто сохта чунин мўъҷиза. «Шарқ муқаддамтар аз ҳама гуна кишварҳо» аз дил гузаронд шоҳи марзҷў, аммо аз ифодааш худдорӣ кард. «Шунида будам… Дидам». Хушнудии шоҳ ҳувайдо буд андар чеҳраи ў.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо