Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Мозаки хушомадгўй пештар аз лашкари Искандар расида, шаҳрро афсонавӣ оро дода буд. Ҳарчанд хазонрез буд, Мемфис баҳорӣ оро дода шуда: бўйи гулу гулоб дошт; рўфтаву обзада ва пойандозҳо густурда. «Кори фиръавнҳои мисрӣ бувад, одамӣ натавонад чунин кардан» аз зеҳн гузаронд Искандар ва фиръавнро худо пиндошт.
«Одам барои сохтан ба дунё омад, на аз барои сўхтан!» ба гўши шоҳ расид аз ғайб. Як такон хўрд, андаке ранги рўяш дигар шуд, вале паси гўш кард. Буд ё набуд. Ҳини рўйи пойандози сурх рафтан ва ўро гулу гулоб афшондан биболид ва ба назараш чандин сару гардан қоматаш боло шуд: «Миср аз они ман, Шарқ аз они ман, дунё аз они ман…»
Базм оростанд. Канизакони мисрӣ, гетерҳои отинӣ зулфошуфтаву хандонлабу маст арғушт мерафтанд. Нозу ишваву адо, карашмаву абрўпарронӣ ва ангушта заданҳову шонаву синаву сар ҷунбонданҳо ва чашм хумор карданҳо рашки Барзинро афзуд:
«Шоҳон барои хушии хеш гўри дигарон бисўзанд.» Беихтиёр аз сари Барзин гузашт ва фазои тозаи дилашро ғуборе гирифт.
Ду чашм аз Тойиси хиромон намеканд. Раққосаҳои гандумгунаи порсӣ дар шўълаи ларзони оташу шамъҳо зарин тофтанд. Забонаи оташ низ печу тоб дошт ва гули оташ сўйи само мепарид.
Искандар ба авҷи хумор расид. Ангушта мезаду фарёд: «Аз шароби мақдунӣ биоваред! Аз майи отинӣ!… Гетерҳои отиниро бихонед!»
Аҳроми ақлрабои Миср, қасру коху кўшк ва тахти зарнигор, тоҷи мурассаъ ба зару ёқуту лаъл рабуда буд ҳуши шоҳи ҷавонро:
«Чӣ гуворост шоҳи Порс будан…» Манзараву сохтмони Мемфис ва давлату дороии Миср ба ваҷду хурўш оварда буд Искандарро.
Сари хумор дар чунин ҳолат биандешид: «Искандарӣ!» Муродаш Искандарӣ сохтан буд ба сони шаҳри Мемфис.
Шоҳи ҷавон ҳавои ақли пирӣ дар сар, шефтаи зебоиҳои ақлдузди Миср гашта, кушоиш ва қурбониҳоро фаромўш кард.
Андар қиёми базм ёд овард, ки нохуб шуда. Мозаки марздорро бихонд:
— Қурбониҳо бибоист кардӣ… Чун сарфи назар шуд?
— Дар сарам буд, шоҳи ҷаҳон… чун чизе нафармудед, бигуморидам зарурате надорад… Ва нахостам шоҳи ҷаҳонро ақл бишавам…
— Ҳммм… – чунон ки шери хуфтаро ба хашм оварда бошанд, мадд кашид раббулнавъ ва кина низ гирифт: «Чунин касон, ки чу саг пеши пой ғеланд, мардӣ надоранд; дар ҳар маврид касро ба ҷойи матоъ бифурўшанд ва андар сари мўй аз қавлу нияти хеш бигарданд.» – Бигўй, киро? – Мозаки порсӣ гумон кард; шоҳ мехоҳад ягон каси баддидаи ўро қурбон бикунад. Дасту по хўрд, дастон ба ҳам соид ва гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо