Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳеҷ касро…
— Чӣ гуна «ҳеҷ касро!?» Худоёни Миср…
— Оре, шоҳ… Худоёни Юнон, Худои Миср Аммон ва Описро…
— Описро?
— Оре, шоҳ… Гови муқаддас, ки мисриён волотар аз ҳама донанд.
Искандар хуморӣ заҳрханда кард ва фармуд:
— Бошад… Боз?
— Боз фиръавнҳоро…
— Фиръавнҳоро?
— Шоҳо, эҳтироми ононро ба ҷо бояд овард, зеро эътиқоди халоиқ зиёд аст ба эшон… Ва чизи дигар ин аст, ки паёмварону коҳинони ҳарамҳо сахт ранҷида аз порсҳо ва тарк гуфта маъбадҳоро…
Мозак пай бурд, ки раббулнавъ ба андеша рафт, халалгор нашуд, балки нигарон гашт, то чӣ пеш ояд аз ў. Искандар гўйӣ ҷойи ҷони мисриёнро пайдо кард, ки аллакай ўро шохае аз дарахти бузурги касбу макр шуда буд. Коҳинон ва паёмбарони аҳром, ки рукни мўътамад ба шумор мерафтанд ва ба туфайли эшон дили мардумро ба даст овардан осон буд, шоҳро хуш омаданд. Замони хидмати коҳинони ранҷида расида:
— Бифармо, ҳама коҳинони андар замони порсҳо ранҷида ва аз кор маҳрумгашта ба ҷойҳои кориашон бозпас бигарданд!
— Ба чашм…
— Чашмат дард набинад, Мозак!
Хуш наомад Мозакро муомилаи шоҳ; гарчӣ ў сухани аз порсиён ёд гирифта: «чашмат дард набинад»-ро гуфт, дилшикаста аз назди раббулнавъ бирафт. «Шоҳон бо одамони худ – бо даставу гурўҳи хоса ва баргузида ба сари қудрат оянд, пасон ҳар чӣ хоҳанд, он кунанд» аз зеҳн гузаронд Мозак ва ёд овард, ки замони шоҳи Миср шуданаш сарвару роҳбарони дафтару вазоратро биронд ва ҳамаро бо хости дили хеш ба курсӣ нишонд; таборро овард, наздиконро овард хешони дурро, шиносонро, нону намакхўрдаҳоро… Чун нарасид, аз диёр даъват кард; аз маҳал хонд; аз вазиру шаҳрдор то фаррошу посдор ва пардадор ҳама худиҳо буданд ва…
давлатдорӣ буд, ки ғун мекарду ғун ва ин зайл яклухт бардошта ба шоҳи бегона оварданашро фикр накарда буд… Ин нукта дер ба ёдаш зад; гоҳе ки ҳама чиз аз даст рафт ва анҷомаш норавшан. Пиндошт, ки Искандар ба қадри хушомад ва зару хостаи ў мерасад. Аммо муомила ва сўҳбати сарди шоҳ хуш наомад.
«Батиси Пилузӣ чун қаҳрамон дар таърих хоҳад монд, аммо ман чун хушомадгўйи Искандар…» Аз давраи базми ройгон бурун рафта ва вазири молияву таъминотро пайдо карда, фармуд то субҳ беҳтарин қурбониҳоро омода созанд. Ва рафту барнагашт ба сари базму қурбонӣ.

пешина
аз 391
навбатӣ