Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дуздона бинишаст бар тахти шоҳӣ танҳо ва андешид, ки бузургтар аз ў қурбоние набувад; магар ки Искандар гови Описро биовар, гўяд. Вале хаёлаш ба хоб гашт; хобе, ки дар бедорӣ медид: пеши назараш дар қатори чаҳорпоён ўро низ оварданд ба қурбонгоҳи навташкил; вале гови муқаддас миёни онҳо набуд. Балки Искандар сари шохдори Опис ба ҷойи сари хеш гузошта, чорпо хам хўрда забон бароварда мелесад ҳамаро ва ҳар ҷо, ки забони дарозаш расид хушк ва лайс мегардад. Баъд шохи тез бар замин андохта чок мекунад ва пош медиҳаду чанг мегиронад ҳаворо. Мозак худ ба худ завқ мекунад, ки раҳойӣ ёфт аз бало; «Описро биёр!» гўяд худи Искандарро шохбанд баста мебаранд. Вале ҳамон лаҳза фикраш дигар шуд, ки гови муқаддас девона шудааст; дар Олам чизе намонда зеру забар мекунад; синаи Заминро медарад… ва чизе боқӣ намонад… Ва аммо кор ранги дигар гирифт: ба гардани ў расан андохта, кашиданд. Ба пордуми кадом чорпое баста бурданд. То назди Опис оварданд ва нишон доданд ба ў: «Беҳтаринаш ҳамин!» Ў донист, ки хубтарин қурбониро пайдо кардаанд.
«Ба номи Описи муқаддас қурбон кунед ўро!»
Фарёд зад наснос, ки сараш Опису танаш Искандар буд.
Ўро мисли дигар ҳайвонҳо дасту пой куллук накарданд, балки дароз хобониданд; бо ду гўши ёзидааш чашмонашро пўшониданд, то чизеро набинад… ва сарашро буриданд… Аз шоҳрагаш хуни гарм, вале сиёҳу ҳаром фаввора зад; маснаду курсиҳо ва сандалии заркўбро якранг гардонд; ҳама ҷой сурх шуд; ранги инқилобу интиқом гирифт… «Сазои касе, ки ба қавму миллату ватан хиёнат кунад!» ба гўшаш расид… Ларзиду ба худ омад ва дарёфт, ки чашмонаш низ хунин гашта; Замину Осмон хунин метобад.
Воҳима гирифт вуҷудашро, раъша давид ба танаш, мурғак дамид ба пўсташ. Дубора сахт ларзид. Арақи сард баровард; сармо гирифташ. «Чаро чунин кардам? Чаро паёмварону коҳинонро гўш надодам? Пешомад напурсидам… «Худписандиҳо сабаби нодонӣ, оқибаташ пушаймонӣ.» Марздорӣ, гуфтам. Порсҳо хор нагарданд, гуфтам… Вале барои ҳимояи пўсти хеш онҳоро фурўхтам; сиёҳ нишон додам порсҳоро ба душман. Пиндоштам, подош хоҳам гирифт… зару хостаи Искандарро пешкашкардаам басанда буд ободии мулки Порсро…»
Ба назар касе дари ўро бикушод ва аз банди хобу хаёли мағшуш бираҳонд. Баргашт, то сипосгузорӣ кунад онро, аммо касе набуд. Ҳайронтар шуд. Ва чӣ аз хаёлаш гузашт, ки мўйи сар ва пашмакҳои банди дастонаш бардамиданд, ки касе бар қасди ҷонаш чунин рафтор карда: «Яқин онҳо… порсҳои гармхун, ки ноҷинсии маро дониста, пайи нобудиам омадаанд…» Бархест аз тахти фиръавнӣ, ки зебу зинати порсӣ низ дошт. То дами дар рафта ҳалқаи онро дошта бикашид; баста буд. Оҳи сабук кашид:

пешина
аз 391
навбатӣ