Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Чӣ гуна?!» – ҳайратзада хитоб кард писар ва модар зуд даҳони ўро бо кафи даст пахш кард, то дигарон нашунаванд ва асрор ҳувайдо нагардад.
«Огоҳ бош, Александр: Юпитер дар сурати мори сапед ба ҷогаҳи ман даромад… Ту ба дунё омадӣ… Медонӣ, Юпитер кист?…
Медонӣ, лекин хуб, ки надонӣ. Юпитерро дар Машриқ ё Миср худои Аммон ва Зевс – Аммон хонанд… Гоҳи сафар бо ў дучор хоҳӣ шуд…»
Ҳолиё дар гўши Искандар садо диҳад суханони модар ва раббулнавъ нағунҷад андар аҳроми Ҷосер. «Худовандо, бол ато бикун маро, то бирасам ба дидори олиҳа – Олимпиада! Бузургтарин зан, бузургтарин паёмбар, коҳин ва ғайбдон ў бошад – модари ман Олимпиада! Бубахш маро, модар, ки қадру қимататро надонистам! Гоҳи маро «морзод» хонданат тезмағзу тезхун гаштаму ранҷидаму ранҷонидам... Зеро аз падарам рўй тофтанатро ва ўро бад диданатро медонистам... Ҳисси писарӣ боло гирифта буд, зеро падар падар бувад. Хук бошад ҳам, падар аст… Вале сад афсўс, ки ба бисёр чизҳо ақлам намерасид. Гумон доштам, аз нафрат ва кинаву адовати сахт чунин гўйӣ… Ин замон дарёфтам, ки пешгўйиҳоят барои ман буда; муборизаву ситезат баҳри ман буда; хориҳоят низ; ҷурму гуноҳат низ ҳам… Бузурги бузургон ту бошӣ, модари ман!»
Ба андеша рафта буд Искандар ва ба чунин мазмун нома навиштан мехост модарро. Вале ба назараш нома кофӣ набуд. Ҳанўз дарёфту пайдо накарда сухани мувофиқ ва муносибро дар ситоиши модар. Аз ин рў хаёл мекунад, ба фикру андеша меравад ва гўяву гуфтор мекунад худ ба худ ва он чӣ дилаш мехоҳад, пайдо набувад. Пазмон шуда модари мардмиҷозашро, модари гурдофаридро; олиҳаеро, ки писари Худо зодааст…
«Ай худои Аммон! Мешунавӣ, ки ман писари ту ҳастам!?»
Фиғони дили худозод буд. Чун аз дил бурун нарафт, ин фиғонро касе нашунид. Ва Искандари якраву якният паймон баст бо дил, то садои фурўмондаро паҳн созад андар фазои Олам. Зеро андешаи писари Худо будан сабру қарори ўро рабуда буд. «Шоҳи мақдунӣ», «Маликуррум», «Раббулнавъ», «Шоҳи Порс» барин унвону рутбаҳои олӣ лашкаркаши бузургро хурда метофт ва ночиз. Худо ё писари Худо буданӣ буд. Як бор писари худои барроқ Зевс буд, ҳолиё аз Зевси юнонӣ рўй тофта, якбора хешро писари худои Аммон эълон кардан нозебо метобад. Аз ин рў писари Юпитер бояд бошад, то афсонаҳои ифтихормандонаи модараш заминӣ гарданд: писари Зевс – Аммон; яъне, Юпитер.
Чунин андеша дилу мағзи шоҳ Искандарро такорў мекард. Аҳроми Саккара, Ҷизза ва худи Мемфис низ тангӣ кард ўро. Ба назараш осмони Миср паст фуромад ва офтобро пахш карда, ки ин қадар гарм шуда ҳаво ва танг гашта фазо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо