Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Манзараву меъмориҳои шаҳри беназир низ дилгир тобанд…
Маҳмил баст сўйи ҳарами Аммон, ки андар Сиваи афсонавӣ воқеъ буд…
Ва Искандар намедонист, ки биёбони беоби Либиё даҳшатзост.
Мусофирон чун мурғони ташна даҳон во кунанд ва ҷон ояд ба лаб.
Шояд ин беҳуда набошад: ба ҳарами худои мисриён ва ба дидори ў расидан; пайраву бандаи ў гаштан чунин азобу машаққат бояд дошта бошад, то ранҷбарон бирасанд ба қадру эътибори худои Аммон. Аз ҳама гўшаву канори гетӣ зоирон оянд ба қадамгоҳ.
Юнониёни пешин Аммонро худои худ дониста Зевс – Аммон хонданд. Файлақуси Дуввум овозаи ин худои бузургро шунида пайки хеш Ҳерони мегалополиро фиристода буд, то бо худои мисриён чӣ гуна рафтору гуфтор карданро биомўзад. Ва танҳо ҳамин набуд ҳадафи шоҳ Файлақус; аз ҳикояти ҳамсараш Олимпиада медонист, ки ин худо ба шакли мори сапед ба шабистони ў даромада ва Искандар ба дунё омада. Ва шояд сабаби ноҷўрии ин хонадон ва бад дидани писар падарро ва падар писарро аз ин ҷо бошад… Ва фиристодаи шоҳи мақдунӣ чунин посух овард:
«Қурбониҳо бояд бикард худои Аммонро ва гиромӣ бояд дошт ўро!»
Лашкаркаши бузург роҳи вазнину сангини ҳазору шашсад
1 стадияи канораи баҳрро паймуда, андеша мекунад, ки писари худои Аммон бошад ё ҳама хушгўйист? Гарчӣ донад, ки коҳинонро некӣ кард; порсҳоро аз сари қудрату кор биронд, шояд саркоҳинону ғайбдонҳо ва паёмварон гузашт кунанду хушиҳо бахшанд ўро, аммо хотираш ҷамъ набошад. Зеро олам пур аз тазод бувад: андар канори рост баҳри Миёназамин, вале онон аз ташнагӣ забони ба ком часпида доранд… Чӣ расад аз худои бузург.
Ва ниҳоят расид ба шаҳри Паретония, ки намояндаи сафо-
2 рати Киренаи он канори биёбон шоҳи мақдуниро нигарон буд.
Сафорат хуш пазируфт шоҳи ҷавонро ва бахшишҳои зиёд кард:
сесад асби ҷангӣ ва бист асби гардунакаш бахшид. Шоҳ Искандар бахшишҳои сафоратро хуш қабул кард ва бо кирениён паймони дўстӣ бубаст ва бо аҳли рикоби хеш нафас рост кард.
Рўзи бистум аст, ки корвони зоирон роҳ сипарад сўйи Сива.
Ин роҳ ба ҳарам бубарад. Роҳи хушки биёбонӣ пуштакўҳу талу теппаҳо низ дорад ва то Мармарика расад. Вале сари роҳи Сиваи овозадор пур аз ҳодисоту рўйдоди аҷибу ғариб буда, хуш омад Искандарро. Ва ў мехост бо ин ҳама булаҷабӣ зудтар бирасад ба воҳаи машҳури худованд. Пайк бирафт пешопеш, то аз омади
- Як стадий = 184,96 м.
- Кирения – мустамликаи Юнон дар он замон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо