Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шоҳ Искандар дарак диҳад сокинони ҳарами ситрро ва паёмварону коҳинон омода бошанд ба пазиройӣ ва пурсу посух…
Ва биёбони хушк бо вуҷуди аҷоибу ғароиб буданаш дилгир кард шоҳи тезхунро. Ташнагӣ ва хушкии саҳрои Либиё ба назари раббулнавъ фоли нек натофт. Оби ногувори чоҳҳои сари роҳ, ки гўё танҳо барои ташнашикании сутурони ҷигарсўхта буванд, хира сохт табъи ўро, аммо нерўи умед, дидори падари афсонавиаш ўро пеш мебурд; худои Зевс – Аммон… ўро нигарон аст андар ҳарами хеш. Ва чунин азоби саҳрои хушкро ў фиристода чун имтиҳон; имтиҳони сахт: сару рўй гарду чанг бардошта, лабҳо карахш баста, даҳон хушк ва тан аз арақи зиёд лакот гашта.
Зоирон моҳиёни рўйи тобаи тафсонро монанд. Ва Искандари ял сўйи осмони минўйӣ даҳон кушояд ба умеди борон ва чашм аз сўзу сўзани Офтоб пўшад.
«Ай худои барроқ, Зевси тавоно! Бинамо қудрати хеш! Писари ҷонфидоятро ҳомӣ бош! Пешво, раҳнамо ва муттако худат ҳастӣ!!!
Ай худои биёбон, Аммон! Эътиқоди ман кам набошад туро!
Ин ҳама ранҷ ба хотири туст; ба хотири дидори туст!!!
Ай Зевс! Ай Аммон! Ҳар ду яке ҳастед маро! Аз қудрату тавони шумост накўйӣ! Каромот бинамо; мўъҷиза биофар; борони ҷонбахш ато бикун! Варна пури номбардорат нобуд хоҳад шуд!
Борони раҳмат бибор, ай Зевси барроқ!»
Ва дергоҳ чун моҳии аз об бароварда даҳон воз сўйи осмон бозистод Искандар; дастонаш болотар аз сараш ба сони ду ҷоғи кушода буданд. Дуртар ҳама ва тамоми сипоҳ ба тақлид чун шоҳ рў ба само доштанд.
Оби гарм мешорид аз тани мусофирон чун борони гарм. Охирин нами тани онон метаровид чунон ки нами чашмаи хушкшавандаи тамузи тобистон. Мезаҳид нам чу оби дида ва он замон хушкида шўша мебаст. Чунон буд, ки дуд кунад ва оне баъд бадал гардад ба восўхта. Ҳар кас ба ҳоли хеш буд ва касе намедид, ки чун ҷон коҳонад Искандар. Ва касе пай набарад, ки чун коҳишу танбеҳ диҳад лашкари бузургро бо чунин кирдораш. Пиндоштанд, ки ҳама нобуд гарданд андар биёбони хушк…
Ва ногаҳон барқ дурахшид дар гўшаи осмон; барқи Зевси тавоно. Абр бипўшид фазоро ва бо оҳистагӣ соя афканд бар сари онон. Бод вазид; шўриду ситезид. Ҳама ба тааҷҷуб нигаристанд сўйи фалак; ҳайратзада гаштанд; дастҳо худ аз худ афтиданд ба зер. Зону заданд. Сари суҷуд оварданд баҳушонаву беҳушона…
Кундаҳоеро мемонданд, ки дар аҳди қадим ин ҷо дарахтзор буда, аз ноилоҷиву яхбандӣ он ҳамаро бурида сўхта бошанд ва кундаҳои солхўрдаву хушк боқӣ монда…
… ва борид борон…

пешина
аз 391
навбатӣ