Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қатра-қатра… ки ба ҳалқи миранда об мечаконида бошанд; наздиктарин каси ҷондиҳанда пахта ба об тар карда қатра-қатра мечаконад ба даҳони вози ў, то ҳалқи хушкаш нам гирифта хирхири ҷонканиаш андак шавад.
Вале ҷонбахшу рўҳафзо буданд қатраҳо, чакраҳо… Қатра ҳои бузургтар мезад рўйи рег; ғубори замин мехесту дона нопадид мегашт; бўйи замин, бўйи реги тафсон, бўйи ҷони сўхта, бўйи бадани одамӣ баромад; гўйӣ чаҳорунсур шуд: хоку обу оташу бод.
Ва Искандари зираку доно ин рўйдоди ғайричашмдоштро истифода бурда, чун ҳайкали бузург пушти Бусефали пилзўр омад, ки аз гармову офтоби биёбон ва хориҷ кардани арақи зиёд пўст сиёҳ карда буд. Ў ба лашкари биёбонӣ гўшаи чашм андохт. Вале эътиборе надода, диққати эшонро ҷалб карданӣ шуд: охирин зўри хеш ба кор бурда, нўки пой андар рикоб таранг гузошта, қомат афрохт бар асбу зин, то ҳашамату бузургии худро намоиш диҳад.
Дар асл қатраи борон мехост…
… қатраҳо бар сару гардан ва сағриву думғозаи Бусефал расида гум мегаштанд; тани тафсони асб чун замини тафсон мекашид донаи боронро. Ва ҳар ҷое қатра бархўрад, пўсту мўйи тани асб меларзид чунон ки мушакҳои моли пўстканда ларзад.
Гўё баробари ба тани тафсонаш расидани донаи борон ҷонвар ҳаловат мебурд ва беихтиёр эҳсосашро намоиш медод. Худи шоҳ низ чунин рафтор мекард. Пушти даст, соиду сару гардан аввал донаҳои ҷонбахшро дарку эҳсос карданд. Баъд тану дилаш. Ва ў оҳиста фурў нишаст бар зин. Вале ҳанўз лабҳо хушк ва карахшбаста буданд ва ҳалқ қоқ.
… ва Осмон зоид борон…
Искандар хушнудӣ кард, ки Зевс – Аммон оҳи ўро бишунид; шинохт писари хешро. Болид зиёдтар. Аз нав бар зин боло шуд ва гардан рост мекарду медамид, ки азамату беназириашро ҳама бинанд…
Қатраҳо ришта-ришта шуданд ва баъд борони арасот рехт.
Бороне, ки Искандар чунинашро нахоста буд аз Худо. Ва касе аз ҳамраҳон низ надида буданд. Худаш тар шуд; асбаш тар шуд ва замин ҳамаи оби аз фалак рехтаро кашида натавонист. Ҷорӣ гашт, кўлу кўлмак ва истахру кўлобу дўлоб шуданд. Ва сонӣ ҳаргуна буду бало ва ҷонварони безеби осмонӣ овард борон…
Морон рехтанд ба ҷойи борон; морони муқаддас. Раҳу рў пур аз мор шуд. Аз зарбу лат ором буданд, пасон хазиданд ба ҳар сў.
Роҳ рафтан ва ҷунбидан душвор шуд асбону одамонро. Сипоҳиён ба таҳлука ва ҳарос афтода буданд, ки тафсои биёбон хубтар буд аз борони морзо.
Якбора ва зуд ҳаво сард шуд, ки морон ба шакли аввал карахт гаштанд ва касеро зиён наоварданд. Дар ҳайрат монданд ҳама аз қудрату товоноии Худованд ва чӣ гуфтану чӣ кор карданро намедонистанд.

пешина
аз 391
навбатӣ