Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инсон ҳам ба ҳоли хеш буд, ҳайвон ҳам.
Шаб фаро расид. Сармои нобаҳангоми тобистона идома дошт.
Шоҳи ҷавони пурдида музтар бимонд аз қудрату тавони Худованд.
«Шак набувад қудрататро, Худовандо! Мабод, ки ғазаб карда бошӣ! Файлақуси Дуввум эътиқод дошт туро; модарам Олимпиада эътиқоду эҳтиром дорад туро; ман парастамат! Ин чӣ ғазаб бошад? Чӣ кўтаҳӣ гузашт, бигў! Агар мардумони олам шиканҷа дида бошанд, ислоҳаш кори душвор набувад. Ман баргардам ба Мақдуниё… Гўш дорам ҳарфи модарамро. Огаҳ ҳастӣ, Худованд, ман барои озор ва ранҷи халоиқ ба сафар набаромадаам. Оби Ҳаётро дарёбам, хоҳам баргашт. Агар борони фиристодаат Оби Ҳаёт аст, хоҳам баргашт. Вале оби Мамотро монад. Эътироз ва шак надорам!» Манаҳаш ларзид аз сармо; ёрои сухан ва ё андеша надошт. Гардан фурў кашид чу сангпушти озурда; миёни шонаҳо фурў кашид, ки лоилоҷ, нотавон ва дасткўтоҳ аст.
Ҳамагон гардан фурў кашиданд аз сармо. Меларзиданд. Сутурон низ. Замоне аз арақ сиёҳранг гашта буданд, ҳоло аз борон.
Аз сўрохии бинии сутурон ва касон ҳавру меғ фағона мезад. Ин ҳодисае буд, ки аҳли башар якҷоя ақл давонад, чунин офарида натавонад. Искандар устодаш Лисимахи гетишинос ва табиатдонро дар паҳлў дида, гила кард бо садои ларзон:
«Аз Худованд борон хоста будам, на морон…»
«Худованд бузург аст… – лабонаш ларзиданд ва чӣ гуфтанро надонист, пасон афзуд: – Гузарад.»
Ва гузашт. Аввал ҳаво дам зад, чунон ки ҳамаро андар хонаи танг ва ё гармхона ҷо карда, дарро баста бошанд, арақи тар сим зад аз танашон. Баъд гарм шуданд. Гўё Замини сўхтаро об зада буғи гарм бароварданд.
Субҳи дигар зери уфуқи назарфиреб манзараи сабзро диданд, ки борон шуста буд. Воҳаи зебо: найзори баланд, шибари сабзу хуррам ва марғзору кўли шўробе дошт. Растаи минўйӣ буд аз нахли хурмо, раста-раста ниҳол, зайтунзор; теппаҳои на чандон баланди дилрабову банизом. Миёни ин ҳама сарсабзиву хуррамӣ аркосо биное ҷой дошт, ки яке аз мўъҷизаҳои олам ба назар мерасид; ва агар биҳишт надида касе, ин ҷо дида. Биҳишт буда, ки беранҷ набуда. Худи Худованд барои бо диққат дидану дарк кардан ва маънии ҳар бурҷу бораи онро фаҳмидан; ҳар сабзаву гулу гиёҳу нахлу хоку оби онро мушоҳида кардан; навою садо ва лаҳни ҷонваронро шунидан ва як умр ин воҳаи зеборо ба хотир гирифтан чунин ранҷу азоб офарид, то донанд баҳову бақои дастранҷи инсонро.
Воҳа аз се варақ иборат буд: варақи берун иқоматгоҳи жўпиндорону найзаварон ва ҷондорону ҳомиёни шоҳ; варақи миёна ҳарами ҳокимон, фароғатгоҳи занон ва манзилу маъвои Худои Миср; ва варақи дарун қароргоҳи ҳокимон.

пешина
аз 391
навбатӣ