Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандар то ин раставу маъво бисёр ҷойҳои обод дида ва ҷоҷо харобаҳо низ карда буд, вале чунин манзилро надида: чунин боғи фирдавси рўйи Заминро надида буд. Ҳайратзада, ки дасту ақлу қудрати инсон ба чӣ ноил шуда метавонад. Дасту ақлу донишу зўру тавон барои обод кардан бувад, на аз баҳри хароб кардан. Харобаҳои ба миён овардаи ў на аз гуноҳи ў буданд, балки маҷбураш карданд, то ба чунин кирдор даст занад. Гармои биёбон, сармои дўшин ва тамузи имрўза гўйӣ ҳама имтиҳоне буданд аз ҷониби Худованд… Аз санҷишу имтиҳон гузашт Искандар ва биҳиштро дарёфт… Ҳолиё боду ҳавои хушу форами воҳаи сабз ҳама кўфту лату лакоти роҳро рафъ кард ва шоҳи мақдунӣ пок аз гуноҳ ба даргоҳи муқаддас ворид шуд.
Аммонпарастон, ҳокимони воҳа ва баъзе коргузорон андар сояи серуну гуворои дарахтон умр ба сар мебурданд. Дар ҷойҳои мувофиқ хаймаву чодарҳо ва соябонҳо ба чашм мерасид; ҷо-ҷо саропардаҳои шоҳона. Искандар аз рўйи занн, ақл ва фаросат тахмин дошт, ки андар ин ҷойгаҳ кӣ бояд фароғат кунад. Ба андешаи ў ин ҳамаро барои шоҳи мақдунӣ омодаву муҳайё сохта буданд. Дар асл саропардаҳои даруни деворҳои севарақа мардумеро буд, ки аз ағёр дуртар ва осуда зиндагӣ мекарданд ва онҳоро набояд хавфу хатаре таҳдид мекард.
Даҳонҳо воз, ақлҳо ҳайрон ва чашмҳо кушодаву чарон ба тамошои воҳаву ҳарам пардохтанд. Пасон аз айёрӣ ва ё сипоҳӣ ин ҳама Искандарро хурду ночиз тофтанд. Мақсаду мароми ў дигар:
бояд зудтар бо Худованд рў ба рў шавад, то муродаш ҳосил гардад. Ғараз: хештанро худованд ва ё писари худо дидану донистан ва ба мардум шиносонидан буд. Безобита, осемасар, тезхун ва ошуфта метофт, вале хештанро аз ҳушёрӣ ва зиракиву донойӣ идора мекард. Менамуд, ки фидойӣ, сарсупурда ва ҷонгарав аст Худованд ва мардуми таҳҷойиро…
… ва чун сурату симои Худованди сивоиро бидид, ҳайрату аҷабаш даҳчанд шуд: худои булаҷаб дар сурати гўспанд буд; тани ў тани одамиро монад ва сараш сари гўспандро; наснос. Шохҳои гирди гўш печидаву давр гашта шукўҳу шаҳомат бахшида буд ҳайкалро ва ваҳмангез метофт. Ҳайратовар он буд, ки ҳаштод тан коҳинони ҳарами ситр санами нофсуратро бар сафинаи рухи зарин сари дўш бардошта мебурданд. Бути ҳайратзо мурассаъ ба зару зевар ва лаълу ёқуту зумуррад гоҳи рафтан ишораи сар мекард ба чапу рост гаштанро. Дар сурати нофи дамида овардани андоми худои Аммон рамзи нофи Замин донистани Сива буд.
Тахти равони сари дўшҳо пурвоҳима лангар хўрда, маъбадро ғулғула афканда, ҳарамро ҳашамати илоҳӣ бахшида, дили ҳозиринро тасхир дода, ҳушу ёди онон аз олами ҳастӣ барканда гирд мегашт; шукўҳу бузургӣ дошт мувофиқ бо маъвои Худованд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо