Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар асари тахти равон ба бузургии худои Замин Аммони нек дўшизагон – роҳибаҳои ҳарам нағмасаройӣ мекарданд. Ғулғулафкан буд: гунбади ҳарам акси садои форами занонаро гуворо мерасонд ба гўш. Чунон буд, ки назирашро надида Искандар. Ў огаҳ набуд аз асрор, вале воқифон нигарон буданд, ки кай ҳайкали булаҷаби Худованд рў ба рўйи раббулнавъ бозистода ўро пазирад ва чӣ фармояд лашкаркашро…
Дили ў тапидан дошт. Ҳазору як андеша аз дилу мағзаш мегузашт: «Худованди бузург – Аммони нек писар хонадаш ё на?»
Беруни маъбад мардуми зиёданд ва ин нуктаро нигаронанд. Ошуфтаву парешон метобад раббулнавъ. Ваҳму хиҷолат дорад аз чизе.
Бисёр чизҳо дида, пазироиҳо зиёд буда, вале чунинаш набуда. Он чӣ буда ва шуда, Искандар бо амру ихтиёр ва хости хеш карда; ҳолиё ихтиёр ва ҷилави кор дар дасти ў набуда. Чашм дорад, то аз Худову Худованд чӣ ваҳй ояд. Гарчӣ коҳинону паёмварони маъбад ҷонибдори ў ҳастанд ва бар раъйи ў гарданд, дилаш қарор надорад. Гўиё бузургтарин санҷиш ҳамин аст. Ҷангҳо, панҷаву бозу хам карданҳои Искандар пеши ин имтиҳон чизе набувад.
Имтиҳони Худованду бандагонаш: Худованд тасдиқ кунад; бандагон имон оваранд…
…Сахт тапидан дорад дили шоҳи ҷавон…
Вазири донишманди ў пай бурд безобитагиашро. Азбаски Искандар вазирро чандон эътибор намедиҳад ва гўё танҳо барои номаш ўро ҳамроҳ гирифтааст, кордор нашудаш, балки сўйи Лисимах нигарист. Устоди Искандар Лисимахи рамузфаҳм дарёфт ишораи вазирро ва сар андохт, ки дар назар дорад ва ў низ дар чунин андеша аст…
Лисимах аз пас оҳиста даст бар дўши Искандар гузошт. Як қад парид шоҳи ҷавон, ки ҳама ҳушу ёдаш ба Худованду тахти равон банд буд. Оҳиста гардан тофта, хашмӣ гўшаи чашм кард.
Чун устодашро дид ва миҷа таҳ кардани ўро дарёфт: «Гузарад.»
Искандар низ миҷа таҳ кард: «Оре, гузарад…» Дар миёни ин ҳама тантана диққати шоҳ ба сафинаи Рухи зарин банд буд: «Чанд талант барояд?» Ва зуд андеша дигар кард, то худои Аммон пай набарад. Ва агар ҳамин андеша набуд, дар ҳолати ҳушу ёд банд ба Худованд будан даст расонидани Лисимах сарашро мехўрд.
Аз нав ба шукўҳу гомзании бурдборонаи коҳинон, тамкину бардошти эшон ва солориву фарру шукўҳ, сурўдхонии занон, гардиши киштии Рухи зарин, санами зарнигор чашм чаронд.
Ва боз толори кушод, гунбади баланди минўйӣ, ки ҳар садоро вусъат мебахшид, ҳайрати ўро афзуд. Искандар хешро пурдида ва пурбардошт вонамуд, вале ҷавониаш халалгор буд таҷрибаро.

пешина
аз 391
навбатӣ