Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Дарёфт, ки дили сангинаш бизанад андар хонаи дил; нагунҷад дар ин тангно.
«Чашм аз сурати худои Аммон накан!» Баногўшии Лисимахро шунид ва саҳл монда буд, ки якҷоя бо алами рафтори аввала баргашта силӣ занад устодро.
Дар гардиши навбатӣ чашми Санам ба чашми раббулнавъ бархўрд. Чашми ҳаштод нафар коҳини тахткаш низ ба чашми обид бархўрд. Ва сафинаи Рухи зарин бозистод рў ба рўйи Искандар. Дили ў сахт тапид. Ҳеҷ гоҳ чунин натапида буд дили шоҳи ҷавон. Авҷу хурўш кард тапиш ва ба назар дил тапида-тапида боло мерафт – сўйи гулў: дук-дук садо карда, андар гунбаду ҳарам акс андохта, аз сари сина фароз шуд то гулў. Ваҳм гирифташ, ки ҳолиё андаке бисурфад, дил чун донаи гулўгир бурун парад рўйи киштӣ ва пеши пойи худои Аммон афтад. Аммо дона банд шуд андар гулў ва оне роҳи нафас гирифт, ки саҳл монд аз пой афканад шоҳро. Тафсид ў аз ҳаяҷони зиёд ва арақ пахшаш кард. Шоҳи тавонову тавонгарро ақлу ҳуш парид аз сар. Димоғаш бисўхт; анҷоми кор донист: «Худованд магар писар нахонад маро?» хаёле аз зеҳнаш гузашт…
Сурўди занон қатъ гардид. Шамъҳо забона заданд. Толор хомўши хомўш гашт. Ба гўши Искандар мехўрд садои ошно:
«дук-дук-дук!»
Боз дасте бар шонаи Искандар расид нарму сабук. Ин бор шоҳ оташин нашуд, балки дарёфт ишораи устодро, ки ўро аз оташ бурун овардан хоҳад…
Ва ин замон худои Аммон сар андохт ҷониби Раббулнавъ.
Коҳинон низ сар андохтанд. Шоҳи ҷавон дарёфт, ки худои мисриён пазируфт ўро. Бо ишораи сар фиръавни навбатӣ хонду донисташ.
Чун бозистодани коҳинону киштии Рухи зарин ва сар андохтани худои Аммон нишонаи Писари Худо хондану шинохтани шоҳи мақдунӣ буд, Искандарро шердил гардонд. Раббулнавъ ҳаво гирифт, бол баровард ва касерову чизеро ё амру ишораеро нигоҳ накарда, зинаҳоро боло шуд, то ба шаҳнишин – маъвои Худои Аммон барояд ва ба маъбад дарояд. Андар он маъво тахти заринкўби Худои Аммон воқеъ буд. Искандари шердил сари суҷуд овард ба пояи он ва бўсид. Сар бардошта шукўҳу ҳашамати гунбадро дид ва ҳамон замон аз дил гузаронд, ки бояд назираш бишавад: «Андар Пелла!» Ў болида буд, ки Худои Аммон писар хондаш; Искандар Худозод бувад: мўъҷизаи илоҳӣ… То ин дам хешро шоҳи мутлақ, тавоно ва лашкаркаши беҳамто мешуморид, аз ифтихор сараш само месоид; вале ҳоло унвони гўшношунида дорад: «Писари Худо!» Ҳамин чиз лозим буд ўро: писари худо, паёмбар. Халоиқ бояд донад, ки ў писари худои Аммон аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо