Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун писари Худо ворид гашт ба ҳарам, шердилу болидаву қавиву неруманд, ҷойи биму ҳарос намонда буд яли ялонро, зеро Худои Бузург ҳимоятгару ҳидоятгари ўст. Вақти он расида, ки пурсу посух бикунад бо худои Кабир – чун Писар бо Падар. Искандар дониста, ки коҳинонро хидмати беназир кард. Паёмварон, коҳинони маъбаду ҳарами ситр нек посух диҳандаш ва ҷонибдор шаванд ўро; паёму ваҳйи Худованд биоваранд… Вале қиём карда ҳангома: Искандар қисмату тақдири хешро бояд пеш аз вуқўъи воқеа бидонад. Писари Худо донистани ў нисфи бозист.
Ҳарам хомўши хомўш буд. Нафаси тези Искандарро мушоҳида ва садои нимҳуштакии онро шунидан имкон дошт.
Коҳинон низ ба ҳадде дам ба дарун гирифта буданд, ки пашша пар занад, садояш шунида мешуд. Сухан давр мегардад андар сар, вале ба забон оварда наметавонад. Ҳаяҷон то ҷое, ки нагузорад ў лаб во кунад. Китф бардошту афшонд Раббулнавъ ва сиву ду раги танро як ҷо карда, ақлу ҳуш ба ҷо монда ва боз кӣ будани хешро ёд оварда лаб ба сухан кушод:
«Падари бузург! Бигўй, ки пешрўйи ман чун аст?»
Садояш ларзон буд. Ғулғул афканд гунбадро ва садои ларзон акс дод дар фазои сақфи баланд; такрор шуд. Гунбади минўйӣ ҳамчу само фурў бурд садоро. Шоҳи мақдунӣ дергоҳ дам ба дарун гирифт, нигарони посух шуд ва сабру қарораш намонд дигар:
«Мабод, ки фоли бад барояд…» Ба назараш ҳавои ҳарам такорў шуд; ба сару рўйи Искандар дамид; хориш пайдо шуд дар пушти дасту рўй ва гўш. Ғазаб кард, ки хораш медоранд. Аммо Раббулнавъ илоҷе надошт ва аз дасташ коре намеомад. Ҳатто сурх шуда дам карданашро намедид.
Садои марғуладори «Худо» вусъат ёфт андар фазои гунбад:
«Ҷаҳонгир хоҳӣ шуд, Искандар!»
Ба худ омад Раббулнавъ. Посух чунон буд, ки ў мехост. Сар андохт бо тавозўъ, вале муғамбирона; аз дил гузаронд: «Надонистам чунин шуданашро.» Гўё касе ба паҳлўяш нарангушт зада бошад, як қад парид ва ёд овард, ки садои дигаре низ ҳаст; оламиёнро фаҳмонад, ки кушандаи падараш Файлақуси Дуввум модари ў Олимпиада набуда. Вале тарс дорад; тарс дорад, ки коҳинон аз номи Худои Аммон тасдиқ кунанд: «Кушандаи шоҳи мақдунӣ Файлақуси Дуввум зани ў Олимпиада бошад!» Ҳаросаш зиёд; зеро Искандар ҳамчун шоҳи Мақдуниё дигар касро ҳабс карда чун кушандаи падар: Линкестидро. Симои ўро пеши назар меорад ва умедвор аст, ки коҳинон аз номи Худо ваҳй диҳанд: «Ҳамон маҳбус бувад қотили шоҳ Файлақус!»
«Ай Худои Бузург! Линкестид бошад кушандаи шоҳ Файлақуси Дуввум?!»

пешина
аз 391
навбатӣ