Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аз садояш ларза бар андомаш афтод ва акси садо, ки аз гунбад баргашт, бегона омад ба гўшаш… Ва баъд ҳама ҷоро хомўшӣ фаро гирифт, лекин ларза дар тани Искандар боқӣ бимонд.
Чун дерёз посух наомад, ларзаи пойҳояш афзуд: «Мабод, ки номи модарро ба забон оранд… Мабод!»
Ба танг омад яли бебок ва нотарсу далер, ки дар ҷое музтарибҳол ва сархам нагашта буд. Намеёрист сар бардорад. Китфон дарҳам кашида шуданд чунон ки дар ҳолатҳои тангу ногувор кашида шаванд. Дарёфт, ки нағунҷад андар пўсти хеш, дар либоси шоҳи Миср. Масъалаи «Ё? Ё?!» ба миён омад: «Ё ин сара, ё он сара!» Сақфи синааш танги танг шуд. Ба назар дили афшурдааш мекафад ва тани ҷафидаву гунбади васеъро тарконида, пош мехўронад ва дуртарин нуқтаи сафари лашкаркаши бузург маъбади машҳури Аммон мегардад. Ҳарами вусъатобод тангно тофт ва тира; сақфи он тори сар омад; рангҳои зебои гунбад низ хокистарзада тофтанд...
«Дук-дук-дук!» зарби дилаш гўйӣ бархўрда ба дару девори маъбад ва яқин битаркаду пош хўронад гунбадро…
«Оре!»
Садои пасту ларзони саркоҳин аз ҳама гуна таркиш боло буд ўро. Дили тезтаки Искандар таққӣ бозистод аз задан; вале тори асаби паҳлўи рости чаккааш сўхт. Гўйӣ баргусаст. Даҳон кушод чун мурғи андар қабзаи сайёд ба танг омада. Боз шунид садоро, ки аз гунбад ба такрор омада буд: «Оре!»
«Зинда…» аз зеҳнаш гузашт; хешро чунин дарёфт.
Посухи саркоҳин Искандарро парешонтар кард. Писари Худо қонеъ набуд. Даҳон пур кард, то боз бипурсад; садои Худои Аммон боздошташ:
«Олимпиада низ бегуноҳ набошад!»
Лаб фурў баст шоҳ ва фишурд, ки пайи дандон боқӣ монд бар лабаш. Ба назар китфонаш низ фурў рафтанд ва сари болояш хам хўрд. Посухе, ки аз коҳинон гўшдор буд, нашунид. Ҳама ному унвонҳое, ки аз ҷониби коҳинон гирифт, ўро рўҳбаланду сарфароз доштанд, вале гунаҳгории модараш сархамаш кард.
Ва надонист баъди ин ҳама чун бигўяд суоли дигарро. Хеле мехост бидонад пешомадро. Якбора шердил гашт; шоҳи мақдунӣ, писари Худои Аммон ва лашкаркаши бузург ва аз радони номдор буданашро ёд оварду пурсид:
«Оё писари Худои Аммон бар ҳама мардумони олам пирўз ва ҳукмрон хоҳад шуд?»
Ин бор коҳинон тўлонӣ андеша накарданд, шояд барои шоддил доштани писари Худо буд, ки зуд охири ҷумлаи ўро такрор намуданд:
«…Хоҳад шуд!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо