Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар сарфаҳм нарафт, ки акси садояш буд ва ё коҳинон посух доданд.
Ба ҳар тақдир табассум дамид бар лабонаш. Биболид. Ва ҳоло ба қароре наомада буд, ки рўёрў бо мардум чӣ бигўяд. Дастон баланд бикард чун шоҳи пирўз ва сари суҷуд овард бар ҳайкали Худои Аммон; таманно кард коҳинонро.
Ва баргашт. Зинаҳоро фуромад. Бовар надошт ба худу гуфтаҳои Худо. Ҳолиё низ намедонист чӣ бигўяд мардумро, сипоҳро. Вале чун бидид ҳама дастон пеши бар пазира доранд Писари Худоро, хандону шукуфон пеш омад ва доноиву зиракӣ ва ҳатто маккории хешро ба кор бурд: шодону болида чунон ки аз халқу сипоҳ донад, пеш омад. Зар афшонд коҳинонро; даст афшонд сипоҳрову сипаҳбадонро. Вонамуд мекард, ки фарру шукўҳи шоҳӣ ва нури илоҳӣ дорад. Аввал коҳинону гумоштагон, сипас сипоҳу сипаҳбадон ва халоиқ хуш пазируфтанд шоҳро ва шодбошҳо гуфтанд:
«Зинда боду шод бод Писари Худо!!!»
Ва Искандар чунин ҳарфро нигарон буд, ки худдорӣ карда натавонист:
«Шумо низ шунидед?! Шунидед, ки худои бузург Зевс – Аммон маро писари хеш бихонд?!»
«Оре!!!»
«Бале!!!»
Лашкаркаши бузург Писари Худои бузург дониста шуд. Он қадар болида буд, ки гунаҳгории модараш Олимпиадаро фаромўш карда, масту масрур, карам кард: зару хостаҳо бахшид, инъому ҳадя кард, қурбониҳо фармуд… ва тезии дарафш дар неши дарафш фармон низ баровард: «Искандар писари худои
1 Юпитер шинохта шавад!»

БАНДИ ҲАФТУМ

Фиръавни тозарух роҳи пуразоб паймударо бозпас наёмад, балки аз маъбади Аммон то пойтахти Миср шаҳри Мемфис биёбони тафсону ҷонгудозро миёнбур сипард ва дур аз насиму нафаси баҳр азоби гўрро дид. Вале барору омадҳо аз тани ў шиканҷу азоб рафъ кард. Ва раҳораҳ дарозо биандешид, то чӣ бикунад. Андешаҳояш заминӣ буданд, хоҳишу дархостҳояш осмонӣ: «Ай Зевси тавоно, оё рост бувад ин ҳама бозиҳо?» Андаруни гардуна дерёз сукут варзид, ки хоси табиати ў набуд ва гўш дошт посухро; умед ба ҷавобу садои коҳинон дошт, ки андар маъбад бошад. Хаёлаш чунин буд:
андар маъбад. Дар асл гардуна алвонҷ мехўрду такон. Садое наё-

  1. Зевс – Аммон мад аз «коҳинон».
пешина
аз 391
навбатӣ