Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Фарёд мезанад гўё, то бародарро пайдо кунад, аммо овозаш намебарояд. Пас чашмонаш меҷўянд бародарро ва фикраш кор мекунад, ки дар куҷо бошад. «Яқин ё санг мебардорад ва ё лой мекунад дар канори роҳравҳои Искандарӣ». Андешаи Никомах аз он аст, ки Кебалин баринҳо, ки «не»-ро намедонанд, чунин корҳои сангинро баҷо меоранд..
Никомах медонад, ки аз Кебалин маслаҳат ҷустан беҳуда аст:
хоҳ-нохоҳ мегўяд: «Маслаҳат мепурсӣ, шояд худат чизе андешида бошӣ?» Ва ё ба пурсат посух надода ба рўят менигарад; худат пай мебарӣ, ки ў чӣ мехоҳад. Ба рўят менигарад хандида ва баъзан ба хашм, ки аблаҳ мешуморад туро барои пурсҳои беақлонаат. Аз ҳама аҷибашро Никомах ёд дорад: маслиҳати чанги зидди Порс буд ва падару модар пурсиданд:
«Кебалин, ту барои чӣ меравӣ?»
«Барои Мақдуниё.»
«Барои Мақдуниё? Ту ба Порс меравӣ, Мақдуниё ин ҷо мемонад...»
«На. Ман Мақдуниёро бо худ мебарам, бо худ меорам...»
«Ба онҳо чизе нагўй, занак, – аз дари хона сар бурун карда гуфт падар ва афзуд: — Мо Мақдуниёро обод карда натавонистем.
Инҳо мардикорӣ рафта, пул пайдо карда, меоранд ва сутунҳои қасри Пелларо аз тилло месозанд.»
Ва Кебалин он гоҳ чизе нагуфт, шакарханда кард, ки танҳо худаш сарфаҳм мерафт ба маънии он. Вале Никомах шўрид:
«Охир натонистед – ку, порсҳо омаданд, тохтанду куштанду бурданд, натонистед – ку, ҳимоя карда натонистед-ку?!»
«Акнун ту метавонӣ, тиррончак! Аз сояат метарсӣ, ба ҷанги Порс рафтанӣ? Медонӣ, ки ин ҷанг чӣ маънӣ дорад?»
«Медонам. Мо қасос мегирем!»
«Қасос мегиред! Порсҳо даҳони амма наянд, ки қасос гиред!
Ҷавоб медиҳед! Модаратон ҳар рўз маро гаранг мекунад, ки чӣ пайку пайғом...»
«Намеравад, ба ҳеҷ куҷо намеравад! Намемонам! Писарони мо бошанд, моро чунин зору гирён партофта намераванд.»
«Охир рафтан барои омадан бувад, модар.»
«Зарурате нест. Мақдуниё аз ин зиёдтар хароб намешавад, обод ҳам. Боз шумо мехоҳед, ки ба сари мардумони дигар рафта мулки ободашонро харобот гардонед. Охир ба шумо чӣ лозим?
Шоҳ набошед, вазир набошед!»
«Мо сарбоз модар! Сарбози Ватан!»
«Сабр кунед, ҳар гоҳ ки касе ба сари Мақдуниё тохт овард, ҳифзу ҳимоя хоҳед кард.»
«На, модар, муроди Искандар чунин нест. Ў мегўяд, ки душманро дар хонааш саркўб бояд кард, то ҳанги тохт намонад дар танаш.»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо