Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барнахоста дер дароз кашид ва таъбир кард аз рўйи шунидаҳояш хобашро. Хулоса баровард, ки «зарр» – ғам, «мор» – душман. Ва дилтанг шуд. «Чаро ёди ватан кардам, оворагиҳо хубтар буд» гуфт дар дил, ки ҳанўз дар хоб бошад. Пас бори дигар хоби дидаро ёд овард ва ҳанўз ҳам Арсиноя метохт рў ба рўяш.
Лимнро дашном дод. Дашном дод, ки агар ҳизза намегиронд, чунин хоби мудҳишро намедид. «Ҳама кораш чунин... Наҳс...
Бародарам Кебалин гуфта буд, ки домонат ба чунин касон расад, бурида парто...» Бузургбародараш ёдаш омад чунон ки шаб. Шаб гоҳи маслиҳат ўро ёд оварда буд, ки аввал бо Кебалин сўҳбат мекунад, ў ҳар чӣ гўяд, он шавад.
Аз хоб сер нашуда бошад ҳам, чашмонашро молида хест. Бурун омад аз саройи хоб. Ҷўё шуд Кебалинро. Кебалин низ омада буд ба зайли Никомах, ки чизе ба даст орад. Ҷавони орому фурўтан, ба касе ё чизе кор надорад; ҳарфе намегўяд ва ҳатто маслиҳат дода наметавонад. Аз ин рў Никомах ягон корро маслиҳат намекунад бо ў, вале ҳар фармоне шавад, иҷро мекунад. Ба назар чунин расад, ки ҳама корро ғайриихтиёр мекунад. Аммо ҷуз Никомах касе хислатҳои ўро намедонад. Вагарна кайҳо истифода мебурданд барои корҳои бад. Бурди Кебалин ин аст, ки ба касе чизе намегўяд; намепурсад, намешунавад; мебинаду намебинад; медонаду намедонад; мешунаваду намешунавад. Як каси аҷиби ба касе номаълуму нонамоён. Пиёдагард. Аз Мақдуниё то ин ҷо пиёда омадааст, вале изҳори норозигӣ ва хастагӣ накардааст.
Ҳар гоҳ, ки чизеро гуфтан хоҳад ва пурсиданӣ шавад, аз ройяш мегардад ва дар дил мегўяд «Суде надорад» ва хомўш мемонад чун пешин ва гўё вуҷуд надорад. Касе ки ўро надонад, пиндорад камақл аст ва барои беақливу нодониашро зоҳир накардан ҳама умр хомўш мегардад. Ва касе ки ин нуктаро дарёбад, Кебалинро бузургтарин ва боақлтарин инсон мешуморад. Гўё аз донойӣ сараш вазн оварда ва бардоштанаш барои ў гаронӣ мекунад. Никомах ҳар қадар хоҳаду кўшиш кунад, ки ба бародараш монанд шавад, наздик шуда наметавонад. Никомах сабукиҳо дорад ва зудбовар.
Дар лаҳзаҳои нозук ин чизро пай бурда аз роҳу рой баргаштан хоҳад ҳам намешавад. Баъзан ҳасад барад ба Кебалин, ки худро идора карда тавонад. Баъзан нафрин хонад, ки одам ин хел бепарво ва бетараф набояд бошад. Ақаллан чизи андеша карда ва ё хостаашро бояд гўяд. На. Дунё кирои сухан надорад. «Пеш аз мо ҳама суханро гуфтаанд, акнун мо хоида, майда карда, ланҷ карда ба якдигар мефаҳмонем.» Ин андешаи Кебалин. Андешаи Никомах чунин аст: «Кас аз зиндагӣ ҳама чизро бояд бигирад.»
Искандарвор андеша меронад, ки шоҳ бошад. Аз ин рў ҳангомаҳои Лимн баъзан ўро хуш меояд.
«Кебалин!»

пешина
аз 411
навбатӣ