Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Ту чӣ мегўйӣ, Кебалин?»
«Ҳамин зиндагӣ ба чӣ лозим, модар?»
Ҳама хомўш монданд. Падар хеле андешид. Модар низ. Никомах ба бародари бузургаш нигарист ҳайрон. Ва садои Падар омад, ки ба зан ишора мекард.
«Бигузор раванд, занак...»
Даҳони модар воз монд ва нишаст ба замин, ки ин пирмард чӣ бераҳм аст. Писаронашро ба даҳони аждар мефиристад.
1 «Ту аз Крон ҳам бераҳмтарӣ, мардак. Наход кас писари худро...»
«Сазои фарзанди саркаш чунин, занак... Посухи Кебалинро шунидӣ. Маълум, ки ў аз зиндагӣ норозист.. Замони мо гузашт ба ҳар ранг. Инҳо чизи дигар мехоҳанд. – Гуфт ба зан ва ба писарон муроҷиат кард: — Агар нома нависед, ба ман салом нагўед! Ҳамин ғамам то гўр мерасад, балки аз гўр ҳам чун ғамбода дамида мебарояд...» – Дарро пўшид падар ва ба Кебалин намуд, ки ў ба дунёи дигар рафт...
Ва то имрўз Никомах надида дидори падарро. Ҳолиё пазмон шудааст. Вале намедонад, ки аз Кебалин чӣ меояд… Ситезаҳои падар ва зориҳои модар дуруст будааст. Аз дур ба қадри ватан расӣ, аммо онро обод карда натвонӣ...
Ва ҳоло Никомах орзуманди дидори бародар аст. Гарчӣ дар як сипоҳанд: Никомах савораву Кебалин пиёда, дер-дер мебинанд ҳамдигарро ва аз ҳолу рўзи якдигар огоҳӣ надоранд. Гом зад Никомах сўйи соҳил, ки бояд охирин обшиканҳоро дуруст мекарданд ва медонист, ки бародараш он ҷост. Никомах поёндасти дижро гирд гашта то доманаи он рафт ва сари санге баромада нигарист, ки бародараш дар куҷо бошад. Азбаски дар ин роҳи тўлонӣ ҳама бо ў шинос шуда буданд ва медонистанд, ки бародари Кебалин аст, зуд даҳан ба даҳан расонданд. ки бародараш Никомах омадааст.
Мазмун, чунин омадани Никомах гоҳи кор бародарро нафорид ва ё аз саркорон бим кард ё нохуб пиндошт, ки чандон эътиборе надод ва зуд пешрў наомад. Никомах медонист одату феъли ўро, ба дил нагирифт ва тоқат кард, то рухсат шудан. Ва дертар рўзбоне, ки сари мўлаи ду газ аз замин боло меистод, ишора ба рухсат кард, то Никомах назди бародараш биравад....
Вале Никомах бародарашро нашинохт: ҳарчанд ҳамон Кебалин буд. Лоғар гашта, мўйи чаккаҳояш сапед шуда буданд. Никомах мехост ўро оғўш карда самимияташро ва пазмон шуданашро ва гуфтаҳои падару модарро ёдрас кунад, аммо бемеҳрӣ ва одати Кебалинро дониста, суст шуд ва танҳо ба тораҳои мўйи сапеди ў нигарист.
- Крон – шоҳе ки кўдакони навзодашро мебалъид, мехўрд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо