Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Ҳааа, ҳамин хел шуд» нигоҳи бародарро пай бурда, сар ҷунбонд Кебалин, вале бо садо изҳор накард.
— Чӣ ҳол дорӣ?
— Мисли ҳаминҳо. – Даст ба сарбозони коргар ишора карда
гуфт Кебалин ва гўё дигар ҳарфи гуфтанӣ намонда бошад, хомўш истод.
— Ман Мақдуниёро ёд кардам, Кебалин.
— Нағз кардӣ...
— Падару модарро ёд кардам, Кебалин.
— Нағз кардӣ.
— Арсинояро хоб дидам, Кебалин.
— Нағз кардӣ.
— Куштам.
— Нағз кардӣ.
— Ҷангро нафрин кардам.
— Нағз кардӣ.
— Туро туф кардам.
— Нағз кардӣ.
Никомах ҳайрон. Намедонад боз чӣ гўяд ўро. Як ҳарфро ёд гирифтааст, тўтиёна такрор мекунад.
— Антипатр ҷанг эълон кардааст бо Искандар.
— Хуб кардааст.
— Ман Мақдуниёро дигар мекунам.
— Хуб мекунӣ.
— Ман Искандарро мекушам.
— Хуб мекунӣ.
— Туро мекушам.
— Хуб мекунӣ...
Никомах дандон соид, ки бо ў коре кардан имкон надо-рад.
Ё ақлаш коста ва ё зуъмаш гирифта. Сараш хам. Ё шарм медорад ё ин дунёро кирои сухан намедонад.
— Дунё ноором, Кебалин.
— Ин дунё кай ором буд?
— Ноороми ноором... Гўйӣ дар рўйи об мелаппад.
— Ҳамин хел буд.
— На. Ман миш-мишу фиш-фишҳоро дар назар дорам.
— Ҳамин хел буд.
— Лашкару лашкариёнро...
— ...
— Ҳама зидди шоҳ рафтор мекунанд ва ўро...
— Ту низ?
— Ман ҳоло ба хулосае наомадаам.
— Нағз мекунӣ.
— Кори дунёро хулоса карда нашавад.
— Худаш хулоса бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо