Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Чун?
— Аз як сўрохӣ бурун мешавӣ, ба як сўрохӣ дурун ме-равӣ.
— Ҳаминро ки дониста будӣ, чаро омадӣ?
— Хар аз хар монад, думашро буранд.
— Пас ту розӣ ҳастӣ, ки бо дигарон ҳамроҳ шавӣ.
— Магар ҳамроҳ наям?
— На. Дар муборизаи зидди шоҳ?
—...
— Нафаҳмидӣ. Мақдуниён сўиқасд доранд, шоҳро куштанианд.
— Хуб мекунанд.
— Куштанианд.
— Хуб мекунанд.
— Охир ту чӣ хел инсонӣ?! Ягон чизи дуруст бигўй!
— Ҳамаи гуфтаҳоям дурустанд. Ягон фикри туро рад накардаам. Агар мекушанд, кушанд. Боз чӣ мехоҳӣ?
— Ман мегўям, ки шоҳро мекушанд, ту мегўйӣ, ки кушанд!
— Рост мегўям, накушанд, ў нахоҳад мурд. Ҳамаро хоҳад кушт!
— Чӣ хел дилсардӣ, бародар, чӣ хел хунсардӣ...
— Аблаҳ...
— Ман аблаҳ?!
— На. Ман... Ту донойӣ. Аммо намедонам, ки дилгармӣ ба чӣ дорӣ?
— Дилгармӣ ба чӣ дорам? Ба Мақдуниё! Ба Арсиноя...
— Аблаҳ...
— Ман аблаҳ?
— На. Ман... То ту бармегардӣ, ки Арсиноя даҳто мезояд...
— Чӣ-ӣ-ӣ?!
— Ана дидӣ... Магар ман дурўғ гуфтам? Аблаҳият боло гирифт.
Мушт бар сари ман бардоштӣ. Ҳамин муштро ту метавонӣ ба сари падару модар ҳам бардорӣ, ба сари Мақдуниё низ...
Никомах мушт фурў кард, вале дандонаш фишурда буд. Зери лабу дандон ғуррид:
— Ман барои маслаҳат омадам...
— Аблаҳ... Насиҳати падару модарро напазируфтӣ, магар маслаҳати маро пазирӣ?
Никомах шўрида чизе гуфтанӣ буд. Чун ин ҳарфи бародар шунид, суст шуд ва панҷа кушода, сарашро молид. Дарёфт, ки даққӣ шуда мўяш ва панҷааш тораҳоро ҷудо карда натавонад. Мўйи сари бародараш низ чунин. Маълум, ки беаҳамиятӣ зиёд шуда.
Бори дигар мўйи сапедигирифтаи Кебалин диққати бародарро ҷалб кард ва ў ёд овард, ки барои чӣ омада буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо