Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале Лимн халал расонд. Лимни Димн аз хавфи он ки Никомах сўҳбати дўшинаро овоза карда бошад, ўро ҷуста то ба ин ҷо омад ва барои дарёфтани вазъу ҳол аз дурӣ садо кард:
— Туро меҷўям, Никомах! Нома ба номат!
Чун аз ҷониби онҳо посухе нашуд, Лимн бозистод ва ҳаросон нигарист. Ва Кебалини камсухан пурсон шуд аз бародар:
— Ин шайтон низ шарик?
— Аз куҷо донӣ шайтонии ўро?
— Кӣ надонад? Дар ҷое дуд барояд, ў ҳозир шавад. Агар чизе ба ў гуфта бошӣ, дигар магўй.
— Шумо дар бораи ман чизе мегўед. – пеш наомада фармуд Лимн.
Барои он ки Никомахи хом ноҷо нагўяд, Кебалин фармуд:
— Дар бораи ту чизе нагўем. Ман туро ошно созам бо Никомах.
— Мо шинос ҳастем. Шояд ў шинос кунад?
— На. Ман шинос кунам. Шинос кардан ҳам кори ҳар кас набувад.
— Хуб. Чӣ гуна шинос кунӣ?
— Одами хуб. Барояш дўсту душман фарқ надорад.
— Чун? – ҳайрон пурсид Лимн.
— Ҳазл мекунад, Лимн. Ў худашро шинос мекунад. Бори аввал мебинам, ки бародари ман сухан гуфта метавонад. То ҳол аз даҳони ў сухан мекашидам ва орзуманди сўҳбаташ будам. Туро дида, булбул шуд.
— Кебалин одамшинос. Медонад бо кӣ сўҳбат карданро. – гуфт Лимн ва шерак гашта пеш омад.
Аллакай суханчинон наздик шуда буданд, то аз мақсади гирд омадани онҳо воқиф гарданд. Ва Лимн коғазпораро нишон дода, пеш омад ва ба Никомах дароз карда гуфт:
— Ишқия. Бояд бифиристӣ ба Мақдуниё.
Ва хуш наомад ин ҳарф Никомахро. Зеро асрор ҳувайдо мекард ин коғаз. Ў бародарро фаҳмонида буд, ки бо Лимн чизе надорад андар миён. Чун нома хонда шавад, Кебалин дарёбад, ки чизе ҳаст байни онон. Никомах коғазро аз дасти Лимн гирифт ва нахонда, пора карда, ба рўд андохт. Лимн ҳайрон ба ў ва ба бародари ў нигарист ва пурсид:
— Чаро кардӣ чунин?
— Зеро ман саводи номанависӣ дорам ва чӣ навиштанро донам.
— Лекин саводи шеърнависӣ надорӣ.
Кебалин зуъм дошт ва намехост ба сўҳбати онҳо шарик шавад.
Якбора кафид чу пуффаки дамида:
— Магар ту ақл дорӣ?

пешина
аз 411
навбатӣ