Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лимн чӣ гуфтанро надониста, ҳайрон монд ва нигарон истод ба руйи ў. Кебалин афзуд:
— Шеър кори ақл аст, масалан мисли ақли Арасту. Ту магар чунин ақл дорӣ, ки шеър бинависӣ?
— Баъд надорам? – ба пурси Кебалин дуруст сарфаҳм нарафта, гуфт Лимн.
— Мебинам, ки надорӣ.
— Бино ба шунидаам, Кебалин одами бафаҳм, бомулоҳиза, баду некро мефаҳмад, сиёҳу сапедро фарқ мекунад.
— Муҳобот карда касе. Ақлу хирад чизе нест, ки ба ҳар косаи сар андозанд.
— Дағал будайӣ. Бо ту баринҳо магар Мақдуниёро обод карда шавад?
— Агар бо ман баринҳо нашавад, бо ту баринҳо шавад. Он гоҳ... Вой!
— Вои чӣ?
— Вои Мақдуниё! Беҳтар, ки ту на ғами Мақдуниё, балки ғами худро бихўрӣ.
— Ман ғаме надорам...
— Маълум... Мо беғамем. Ҳеҷ яки мо ғам надорем. Вале даҳон кафк кунонда Мақдуниё, мегўем. Оина нест, то бинӣ, ки чӣ гуна аз кунҷи даҳонат кафк резад.
Лимн беихтиёр кунҷи лабонашро пок бо ангуштон кард ва хашмӣ шуд, ки чаро ин қадар таъна занад. Ба Никомах нигарист, ки чизе гуфта магар? Ба назари ў Никомах низ гирифтахотир менамуд ва аз рафтори бародараш хиҷолатманд метофт. Ҳайрон низ буд, ки чаро якбора ў сухангўй шуд. Ҳол он ки ба пурс посух доданро бори гарон медонист. Ғазаб дорад. Ҳамин хел феъл ҳам дорад, ки каси бемағз аз ҳад гузаронад ва ё аз гилем бештар пой дароз кунад, нафрин мехонад ва баъзан мешўрад. Ҳоло давраи шиносойӣ; онҳоро ба худашон шиносонданист, ки кӣ ҳастанду аз дасташон чӣ меояд. Ҳамин хел рафтор карданист, ки шояд худашон пай баранд хатояшонро ва аз андешаи мушт ба дарафш задан баргарданд. «Тавба... Бо шоҳ мубориза карданианд.» Тавбаашро дар дил гуфт. Зеро ҳанўз чизе равшан нест ва сухани ноҷояш метавонад чун тир бар худи ў баргардад. Дигаргуна пурсид:
— Донӣ, ки чаро ба ин дуриҳо омадӣ?
— Чунон ки ту омадӣ...
Кебалин хандид:
— Гуфтам, ки ақл надорӣ! Ба зуъму гарданшахӣ чизе бадаст наояд. То зуъми туро мефаҳманд, ки устухонат мепўсад. Нақша ва андеша ва мақсади равшану муайян бояд дошт. Дар чаҳорсў ҳаросон монӣ, роҳи рафтро фарқ накунӣ... Ин чӣ? Мубориза?

пешина
аз 411
навбатӣ