Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лимн боз нигарист ба Никомах, ки ишора ба чӣ дорад бародарат. Аммо ў чизе гуфта наметавонад ва китф дарҳам мекашад.
Ва якбора мекафад.
— Ту девона. Аз ман бузург бошӣ ҳам, бефаросот.
Кебалин боз хандид:
— Ман ки ин чизҳоро дар сифати шумо гуфтам, акнун шумо чизе бигўед, ки ақаллан ба андом ё симои ман часпад.
— Хар! Саг!
— Дидед! Ҷўед, пайдо мекунед! – Ҳар ду ҳам беҳтарин ҷондорҳо. Хубтар аз шумо хидмат мекунад ва вафодор аст. Кадом хар аз хидмати соҳибаш саркашӣ кардааст? Кадом саг ба соҳибаш бевафойӣ кардааст? Бигўед, шумо хуб ё хару саг?
Онҳо хомўш буданд ва ба кинояҳои ў сарфаҳм рафтанд ва якдигарро бо диққат аз назар гузаронида, хомўш рафтагор шуданд. Чанд қадам гузошта, ҳатто ба пасаш нигоҳ накарда Никомах гуфт:
— Мурам, мурдаамро суроғ накун!
Кебалин андешаи хешро гуфт:
— Зўри беҳуда миён шиканад.
Онҳо пойи рафт суст карданд, вале наистоданд. Лимн пурсид аз Никомах:
— Зарбулмасали ў чӣ маънӣ дорад?
— Дар омади сухан чунин гўянд.
— На. Омади сухан набошад. Аз сирру савдо огоҳ, ки чунин мегўяд. Рост бигўй, чӣ гуфтӣ?
— Чизе нагуфтаам. Огоҳ кардам, ки вазъ нобоб аст ва низомиён баъзан изҳори норозигӣ мекунанд.
— Чизе ҳаст...
— На... Ў пир шудааст. Алағда аз чизе. Вале рўшан намекунад, ки аз чӣ? Ғазаб дорад. Паланги ғазаб барин дарафтидан мехоҳад.
Чӣ кор карданашро намедонад. Аз кўдакӣ то ҳол чунин надида будам ўро.
— Як ў на. Ҳама чунин: яке паланги хашмӣ, дигаре шери ғазаб, саввумӣ шағоли олуғда. Танҳо ману ту ором. Ман саросари лашкаргоҳ, коргоҳ ва дижу шаҳрро давр гаштам, сипоҳиеро надидам шодмон. Ҳама майли Мақдуниёву Юнон рафтанро доранд, илоҷе намеёбанд.
— Лимн...
— Ҳм...
— Тарсам ин аст, ки ҳама бало ба сари мо бор шавад.
— Аз чӣ рў? Магар...
— На. Ба Кебалин аз ин хусус ҳарфе нагуфтаам. Ў имкони сухан надод. Худат дидӣ.

пешина
аз 411
навбатӣ