Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Мо дигар асбоби тарс надорем. Ба шуниди ман Аминтаву бародаронаш, Файлотусу бародараш ва ёрони дигар бар зидди шоҳ шўриданианд.
— Ғайри имкон...
— Чӣ хел ғайри имкон?
— Охир тиҳидасту тиҳипо чӣ гуна тавонад бар зидди сипоҳи шоҳӣ ва низомиёни мусаллаҳ хезад?
— Низ андешидам... Ёдам омад, ки гушна ба шер занад, гўянд.
— Дуруст, Лимн... Лекин... лекин...
— Чӣ лекин?
— Лекин онҳо ёру дўстони нав наянд. Ба назари ман мисли дунё кўҳна. Пас чӣ хел шавад, ки Аминта ё Файлотус...
— Замони ҷанг, ҳама чизро чашмдор будан аз имкон берун нест. Барои молу сарвату хоста ва доройӣ чӣ бурду бохтҳо шавад. Нафсу ҳаваси дунё бало зояд. Падар ба писар раҳм надорад, писар ба падар, бародар ба бародар.
— Ба ҳар ҳол андеша бояд кард. Масалан ба сари ман осмон фурў оранд ҳам натавонам бародарро куштан.
— Магў, Никомах. Ҳар кор аз вазъу ҳолат вобаста. Кӣ мегуфт, ки Александри Линкестидӣ сари ду бародарро ба сари ду найза бардошта барои Искандар меорад. Дида будӣ, чӣ гуна хуншор буд?
— Бале, ҳама дида буданд. Ҳанўз ҳам ў зинда. Аз Искандар чизе надид. Зери назарҳост; зиндонӣ ҳисоб. Искандар дилпур нест, ки ў садоқат дошта бошад. Хоҳ-нохоҳ рўзе хун ба сараш хоҳад зад, чашмонашро хун хоҳад гирифт ва...
— «Ва» надорад. Ин кўҳнасарой аз аввал чунин сохта шудааст:
писарони Одам сар карданд бародаркуширо. Ҷойи гила нест. Ту накушӣ, ў кушад.
— На. Имкон надорад, Лимн. Ў фарзанди падару модари ман аст. Магў! Магў!! Маггў-ў-ў-ўй!!!
— Хуб. Нагуфтам... Худи шоҳи мақдуниро мегирем. Барои тахту бахт бародаронашро накушт? Модари ў, Олимпиада, ҳама палонҷҳоро бо фарзандонашон накушт?
— Медонам, медонам... Аммо муроди мо тахтнишинӣ нест ва бародари мо низ ёди тахту бахт надорад.
— Касе дар орзуи тахт нест, Никомах. Аммо вазъу ҳолат тақозо дорад, ки сипоҳиён хурўшанд. Аминтаву Файлотус, ки чунин ният дошта бошанд, он тарафашро худат фикр бикун.
— На. Ман бовар надорам. Бовар надорам, ки Аминтаву Файлотуси ба ҳама кору чиз ҳаққу ҳуқуқ дошта ба ин кор даст зананд.
Чӣ намерасад ба онҳо?
— Он чиз, ки барояш мубориза мебаранд.
— Бовар надорам, бовар надорам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо