Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Вақташ расад, бовар хоҳӣ кард.
— Хайр, Файлотус барои хуни падар шояд шўрад, аммо Аминта... на. Ман ҳам ба ҷойи Файлотус бошам, ба номи чунон падар сар бардоштанам мумкин... Лекин Аминтаро чӣ намерсад?
Сарфавҷи пиёданизомиён... На-на... Магўй...
— Хуб. Нагуфтам. Ман нагуфтаму ту нашунидӣ. Офтобро ба домон пўшида нашавад. Рўзе ҳамааш равшан гардад.
Таги дили Искандар сиёҳӣ баровард. Чунон сиёҳӣ, ки ягон ҷойи муқаддас оташ гирифта, дудаш дарун зада бошад. Беқарорӣ дошт ва намегунҷид дар Искандарии тозабунёд. Худ аз худ ба ёдаш омад, ки дар рўззодаш яке аз мўъҷизаҳои ҳафтгонаи олам ҳарами Артемидии шаҳри Эфес оташ гирифта буд ва раммолони эфесӣ пешгўйӣ карда буданд, ки дар чунин рўз ба дунё омадани ин тифл беҳуда набувад; ў тасхиргари Осиё хоҳад буд... Ва ҳолиё ки шоҳи бистуҳафтсола андар музофоти Осиёст ва дар кохи навбунёд баробари шодкомиҳо таги дилаш ноҷўр аст ва сиёҳӣ мезояд, хешро бад эҳсос мекунад чу беморони фишори баланд дошта, ки аз тағйири боду ҳаво ланҷу ноҷўр гарданд. Гўё ба сари ў санги осиё бор кардаанд ва дилаш фишор хўрда дард ба дасти чап диҳад. Аз оби Ҳарорўд нўшидан мехоҳад ва мефармояд биоваранд. Аммо то овардани об ў намегунҷад андар пўсти хеш.
Барзин беқарориҳои ўро дида, миш-миши занонаи саройу ҳарамро ёд меорад ва тахмин мекунад, ки чизе ҳаст. Бод навазад, наҷунбад барги дарахт. Оинаи чашмони Барзин нишон медиҳад, ки роҳ ғубор дорад ва ҳаво чандон тоза нест. Чунон ки аз зери суми асбон ғубор бархоста пеши офтобро гирад. Айнан ба Искандар чунин намояд, ки ғуборе гирад пеши рўшноиро. Зан тарсад аз гуфтан ба Искандар. Хашми ўро медонад: ба андак баҳона ўро ронад аз саро ва боз пардозад ба айшу нўш. Ў нигарон буд, то шавҳар чизе гўяд ва ё хоҳише бикунад. Аммо чунин нашуд. Барзин пай бурда буд вазъу ҳолати шўро, аммо худро ба нодонӣ мезад...
Ва чун Геракл зинаҳои сангини ба усули шарқӣ сохтаи кохи Искандариро як-як лағзида мефаромад, модар фарёд зад:
— Геракл! Оҳиста бош! Эҳтиёт бишав! Падаратро низ бигўй, ки эҳтиёт кунад худро!
Барзин қасдан баланд гуфт, то бишнавад Искандар. Ў шунид садои баланду музтарибҳоли занро ва шакармаст бошад ҳам, тозон ба дар омад, озод аз зинаҳо фаромадани писарро дида, ҳама чизро фаромўш кард ва матлабро гуфт:
— Чӣ фармудӣ, Барзин?
— Гераклро ҳушдор кардам, то оҳиста пой гузорад...
— На. Боз чизе гуфтӣ. Гўшам фиреб надиҳад, ишора ба ман буд.
— Ба Геракл фармудам, ки падарро огоҳ гардонад, то эҳтиёт бошад.

пешина
аз 411
навбатӣ