Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Яъне чӣ? Фолбинакат чизе нишон дод?
Сахт расид Барзинро ва зуъм карда дуртар рафт ба кунҷи хона, чунон вонамуд, ки на шў лозиму на фарзанд. «Ин ҳарфро аз куҷо пайдо кардааст? Тамоман бегона барои ў.» Аз дил гузаронд зан ва садои ногаҳонии Геракл хаёли ўро парешон кард. Тозон ба дар омад, ки шоҳ бардошта буд шоҳзодаро рўйи даст ва менигарист ба биниаш. «Ба бинӣ задӣ? Боке нест. Бузург шавӣ. Аммо зуъми модарат ба худаш мемонад. Туро ба Мақдуниё хоҳам фиристод.
Момоят хуб тарбият мекунад. Ланика чу ман туро навозиш хоҳад кард...»
— На! – аз дар баромада ва писарро рабуданӣ шуда ба шў часпид Барзин ва афзуд: — Ман нагузорам, ки Геракл ҷангҷў шавад!..
Ба гумонаш бо ҳамин сухан ҳама бозхост ба Искандар гуфта бошад, хомўш монд, то чӣ ояд аз шў.
Искандар пай бурд, ки зан танҳо чун шў бо ў гуфтор мекунад ва шоҳии ўро ба инобат нагирифта, ҳарф мезанад ва ё ноз ҳам дорад. Хуб, ки бегонагон нестанд. Рўзбонон дуранд ва пардадор бо кори хеш машғул. Моҷарои ноаёни онҳоро касе пай набурда.
— Эй зан, ту донӣ, ки рў ба рў бо кӣ ҳастӣ?
— Оре, донам, ки рў ба рў бо шоҳи мақдунӣ ҳастам.
— Пас чаро ҳадро надонӣ ва чунон муомила кунӣ, ки Олимпиада бо Файлақус?
— Магар бад аст?
— Бад нест. Аммо ҳадро бояд донист. Ту ҳолиё чун зан бо шў муомила кунӣ бо ман. Аммо фаромўш кунӣ ва ба инобат нагирӣ, ки ман шоҳ Искандарам.
— Инро низ ба инобат гирам, шоҳ Искандар. Аммо қайсариат, якравиат, ба сухан гўш надоданат баъзан маро ба шўр орад ва бо рафторҳои ғайризанонаи хеш хоҳам туро ба худ овард, ё туро водор сохт, ки рафтор дигар, вале ту дигаргуна равӣ. Агар маро модари писарат бидонӣ ва дилсўзу ғамхор шуморӣ, ба ҳарфам гўш бидор...
— Шарт он аст, ки ҳақиқат ва росту дуруст бошад ва ба суханони фолбинакат гўш надиҳӣ.
— Пас чӣ хел бо ту гўям? Андаке ҳушёр шав ва ба худ ой. Аз нишондодҳои Оинаи Искандарӣ сухан гўям.
— Бигўй!
— Оинаи Искандарӣ чанд муддат аст, ки чизе нанамояд. Вале оинаи чашмони ман баъзан ҳавои ғуборолуд нишон диҳад ва таъкид кунад, то туро огоҳ гардонам, ки дар сипоҳи ту ноҷўриҳо рух дорад. Ва бояд ба худ ойӣ ва аз пайи дўстон ҷосус гузорӣ ва ҷондорони хешро парҳез кунӣ...
Искандар суст шуд. Гераклро ба замин гузошт ва ғазаб кард:
— Ту донӣ, ки ман кӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо