Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оре донам: шоҳ Искандари Мақдунӣ.
— Ва донӣ, ки панҷае набувад, ки панҷаи Искандарро қат кунад?!
— Донам... Ва боз бисёр чизҳоро донам, ки шоҳ надонад.
— Беҳуда магў! Ва ба суханони фолбинакат бовар ҳам накун.
— Чихел дағалӣ, шоҳзода...
— Чӣ-ӣ-ӣ!! Шоҳзода?!
— Охир шоҳи мутлақ чунин нашавад, ҳатто сухани кўдакро гўш диҳад, андеша кунад. Хулоса барорад.
— Хуб гўш кардам, аммо чизе надидам.
— Хайр, ман гуфтам. Қарзам адо. Миёни мо Геракл ҳаст, моро пайвандад. Ман намехоҳам, ки ў ятим монад.
— Ту девона шудайӣ, Барзин... Ку он зўре, ки бо ман рў ба рў ояд? Ба ман ёрону ҷондоронро адў нишон диҳӣ. – Шўрид Искандар: — Кӣ фармуд? Кӣ омўхт?
— Ҳеҷ кас... Бо ту ҳамчун модари фарзандат мегўям, Искандар.
Агар ба ман бовар надорӣ, сарраммолро бихон. Бипурс. Фол гузор.
Он гоҳ бо ту хоҳам гуфт боқии суханро. Ман ба шоҳ ваъда додам, ки то замоне бо ман ҳаст, ўро осебе нарасад... Ба ин мазмун ман бояд пешомадро гўям ва ў балоҳоро пешгирӣ кунад.
Ва Искандар сабук аз ғазаб шуд ва рўзбонро хост. Рўзбон зуд омад ва шоҳ фармуд:
— Аристандри Талмосиро биовар!
Рўзбон таъзим карду бирафт. Искандар чанде сар баланд гирифт мисли нимхудоён, ки муноҷот ба Худо мекарда бошад. Ва ё худ низ фол медида бошад. Парешон буд ва андешаву хаёлашро сарҷамъ карда наметавонист ва сар мешикаст, ки чӣ маънӣ дорад гуфтаҳои зан.
— Агар бофтаҳоят дурўғ бароянд, бесар хоҳӣ шуд.
— Ман розиам... Агар рост бароянд?
— Моро ҷудойӣ набувад.
Ва омад сарраммол Аристандри Талмосӣ. Сўҳбати Искандар бо Барзин анҷом напазируфта буд. Ва шоҳ ҳамин қадар донистан мехост, ки суханони Барзин то чӣ андоза дурустанд. Аз ин рў раммоли пешгўро рост ба ҳарам бурд ва дар ба рўйи дигарон баста, тан ба тан розгўйӣ кард.
— Ҳеҷ шунидастӣ, ки чӣ мақому чӣ нағма дар олам?
— Ба шунидам ҳама хуб...
— Ба донистат?
— Ба донистам низ.
— Аз Мақдуниё чӣ хабар?
— Чунон ки шоҳро рўшан аст, андар Мақдуниё оромист. Дурўғ бувад, ки мегўянд: Антипатр шоҳ Искандарро хиёнат карда.
— Аз чӣ донистӣ?

пешина
аз 411
навбатӣ