Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Раммолон ва пешгўён ҳама бар инанд.
— Бошад. Аммо бубин, ки пешрў чӣ гуна бувад ва миёни сипоҳиён ва дўстон ва душманон чӣ ҳарфҳост?
— Бино ба нишондоди Оина Барзин ишораҳо карда шоҳро.
Ва ҳолиё Оинаи Искандарӣ аён гардонад, ки хубтар аз Барзин ва кўдаки ў дўсте набошад шоҳро.
— Ман аз ту ҳазён нахостаам. Бигўй, ки чӣ гуна дўстон душман гаштаанд?
— Агар шоҳ яқин донанд, ки дўстон душман гашта, осуда набошад... Касе чўб хаста ба хафоли мўрон ва замбўрон. Зардина.
Чандон ифлосу афтода набувад ва то тухмаи шоҳон нарасад.
Яъне сипоҳи пиёда ва низомиёни савораро касе аз роҳ занад ва зидди шоҳ ангезад...
— Магар Файлотус бувад, ки хуни падар ситонад?
— На шоҳ, Саркор ў набошад...
— Тоза бубин, Аристандр. Муайян бикун, кӣ дорад қасди ҷони маро?
— Каси танҳо наояд ба фол. Гурўҳҳо, дастаҳо...
— Пас вазъ хуб нест...
Ва Барзин пеши назараш омад, ки рост гуфта будааст: «Офатро ҷонварон ва паррандагон пешакӣ пай мебаранд ва қасду ниятҳои бадро занон.» Инчунин ваъдаи ба Барзин додааш ёдаш омад ва сухани раммолро тасдиқ кард, ки дўсттар аз Барзину Геракл касе нест. Хоҳиши ҳеҷ гоҳ набуда пайдо гашт ўро, то Барзинро назди раммол бихонад. Худдорӣ кард, ба чӣ андешаҳо худдорӣ кард. «Баъд ў мебозад.» Аз дил гузаронд одати занҳоро дар назар дошта ва аз раммол пурсид:
— Оқибат чӣ, Аристандр?
— Роҳ. Ва анҷоми он беғубор...
— Яъне, аввали роҳ ғубор дорад?
— Бале. Бояд оҳиста ва бедору ҳушёр буд.
— Андар Оина намояд сурати ў?
— Намояд: зардина, рўбоҳро монад. Ҷондорон ва ҷосусон зуд пайдо кунандаш...
БАНДИ САВВУМ
Искандар Барзинро эътиборе надода, Гераклро дўстдорӣ кард, ки ҳеҷ гоҳ чунин нашуда буд. Барзини зирак пай бурд, ки яқин раммол суханони ўро такрор кард, ки хуш омада шоҳро. Ва аз дунболи онҳо нарафт, балки андар шабистони шоҳ даромада хешро ба хоб андохт, ки хоҳ-нохоҳ шоҳ писарро ба он ҷо баргардонад.
Ду андеша як омадан Искандарро созгор буд, вале ваъдаи ба Барзин додааш ўро пойбанди зан гардонад. Искандари озод дар ягон масъала ва бахшу боби рўзгор нахоҳад побанд ва ё вобастаи касе будан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо